Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок

Иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок

Санаи 19 июни соли ҷорӣ дар кафедраи фаъолияти биржавии факултети молия ва қарз семинари илмӣ – методии устодон баргузор гардид. Дар семинар ассистенти кафедраи фаъолияти биржавӣ Авзалшоҳ Валиев дар мавзӯи «Иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок» ба вазъи бозори коғазҳои киматнок дар ҷумҳурӣ ва таркиби бозори молиявӣ маърӯза намуд. 
Зимни баромад номбурда иброз дошт, ки бозори коғазҳои қиматнок қисми таркибии бозори молиявӣ буда, аз маҷмӯи муносибатҳои молиявию иқтисодӣ оид ба барориш ва хариду фурӯши коғазҳои қиматнок дар байни иштирокчиёни бозор иборат мебошад. 
Иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок ин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие мебошанд, ки муносибатҳои махсуси иқтисодиро ташкил дода, хизматрасониҳои молиявиро вобаста ба муомилоти (хариду фурӯши) коғазҳои қиматнок амалӣ мегардонанд. 
Ҳамаи иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнокро шартан мебояд ба иштирокчиёни дохилибозорӣ, байнибозорӣ, иштирокчиёни касбӣ ва иштирокчиёни ғайрикасбӣ ҷудо кард. Фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок ин пешниҳоди ҳизматҳои молиявӣ аз тарафи иштирокчиёни касбии бозор мебошад. Иштирокчии бозори коғазҳои қиматнок танҳо дар ҳолати доштани иҷозатнома барои ин ё он фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок ҳамчун иштирокчии касбӣ баромад карда метавонад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳамаи иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок тавассути намудҳои зерини фаъолияти касбӣ дар бозори фондӣ фаъолияти брокерӣ, дилерӣ, трасстӣ, клирингӣ, депозитарӣ, реестрӣ ва ташкили савдо дар БҚҚ фаъолият менамоянд. 
Дар анҷом музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Ҷовид Боймуродов, ассистенти кафедра