Хабарҳо
Шарипов Умарҷон ҳимоя кард
Боиси сарфарозист, ки торафт самти илм дар донишгоҳ пеш рафта, иқтидори илмӣ тақвият меёбад, сафи устодони унвондор меафзояд. Ин навбат Шарипов Умарҷон Аҳтамович, аспиранти кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ ва ассистенти кафедраи суғуртаи донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
Шарипов У.А. рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Мукаммалгардонии механизмҳои ташкилию иқтисодии фаъолнокии равандҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳо» (дар мисоли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз рӯи ихтисоси: 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақавӣ) дар Шӯрои диссертатсионии муштараки Д 999.020.02 оид ба ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ ва доктори илмҳои иқтисодӣ дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бомуваффақият ҳимоя кард.
Мо Умарҷон Шариповро бо ин дастоварди илмӣ муборакбод намуда, барояш тансиҳатию хонаободӣ ва парвозҳои нави эҷодиро таманно дорем.