Хабарҳо
Рисолаи докторанти PhD муҳокима гардид
Санаи 20 июни соли равон дар ДДМИТ пешдифои наздикафедравии доктор PhD-и кафедраи назарияи иқтисодӣ Ғиёс Ғоибназаров баргузор гардид. Дар муҳокимаи кори докторант, ки дар мавзӯи «Таъмини бехатарии иқтисодии иқтисодиёти хурди кушод дар шароити таъсири омилҳои беруна (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» бо роҳбарии Лутфулло Саидмуродов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ пешбарӣ шуда истодааст, Б.Сафаров, муовини ректор оид ба илм, Х.Ҷураев, директори Маркази такмили ихтисос, Ҳ.Сандалов, декани факултети молия ва қарз, И.Неъматов, декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Ф.Насриддинов, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, доираи васеи олимони унвони илмидори соҳа ва унвонҷӯён иштирок доштанд.
Мақсад аз таҳқиқи кори докторант ин муайян намудани таъсири омилҳои беруна ва роҳҳои бартараф намудани онҳо бо мақсади таъмини бехатарии фаъолияти иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки Ғ.Ғоибназаров аввалин доктор PhD-и ДДМИТ мебошад, ки кори ӯ муҳокима гардид. Ғ.Ғоибназаров хатмкардани факултети молия ва қарзи ДДҲБСТ-и шаҳри Хуҷанд дар соли 2014 ва магистранти Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар соли 2016 мебошад. Номбурда аз доктор аз рӯи ихтисоси 6D 05 06 00-иқтисодиёт корашро пешбарӣ менамояд.