Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ барои ҷалби лоиҳа

Вохӯрӣ барои ҷалби лоиҳа

Баҳри рушди ҳамкориҳо ва ҷалби лоиҳаҳои байналмилалӣ барои маблағгузорӣ дар самти таълим дар ДДМИТ тадбирҳои назаррас анҷом дода истодаанд. Санаи 19 июни соли равон бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ вохӯрӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ бо иштироки намояндаи лоиҳаи ВОМСА-9 Нормундс Рудзитис, дотсенти Донишгоҳи техникии Ригаи Ҷумҳурии Латвия бо Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ доир гардид. Дар он, ҳамчунин Қутбиддин Муқимов, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, А.Муминов, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва устодони кафедра баргузор гардид. 
Дар ҷараёни вохӯрӣ мувофиқати раванд, сатҳ ва сифати таълим ба стандартҳои байналмилалӣ, ҷорӣ намудани техникаву технологияҳои иттилоотӣ, рушди инфрасохтори муосир барои таълим барои ихтисосҳои марбутаи кафедра ва дигар масоил баррасӣ шуд. Инчунин ба сатҳу сифати омодакунии кадрҳои соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар муассиса таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Дар ин замина, ҳамкориҳои донишгоҳ вобаста ба таҷрибаомӯзӣ, алоқамандии назария ва амалия ва ихтисосманд намудани гумрукчиён дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. 
Пас аз вохӯрӣ Нормундс Рудзитис аз синфхонаи моноблокӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, маркази такмили ихтисос, маркази тестӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва лингофонӣ дидан намуда, бо базаи моддию техникии донишгоҳ аз наздик ошно шуд. 
Дар анҷом ширкаткунандагон дар хусуси идома додани ҳамкорӣ бо лоиҳаи ВОМСА-9 ба мувофиқа расиданд. 


Н.Раҳимзода