Хабарҳо
Таҳлили фазои сармоягузории хориҷӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар аз ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақил ҷараёни фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат мебахшад. Вобаста ба самти сармоягузорӣ дар самти иқтисодиёт санаи 20 июни соли ҷорӣ дар кафедраи таҳлили иқтисодӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар семинар Фаридун Ҳусейнов, мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ, нархгузорӣ ва таҳлили хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҳлили фазои сармоягузорӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар татбиқи Барномаи давлатии рушди маҳал» баромад намуд.
Ф.Ҳусейнов зимни баромад оид ба воридоти сармояи хориҷӣ дар соли 2018 ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ маълумот дод, ки он 644,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз ин миқдор 326,8 млн. доллар сармоягузории мустақил ва 317,7 млн. доллар қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида мебошанд. Номбурда иброз дошт, ки сармояи мустақил асосан ба соҳаҳои саноати коркард, истихроҷи маъдан, фаъолияти молиявӣ ва ҳаргуна хизматрасонии тиҷоратӣ, нақлиёт ва алоқа, кишоварзӣ, маориф ва сохтмон равона карда шудаанд.
Инчунин мавсуф зимни баромад ёдовар шуд, ки дар солҳои 2017-2018 ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 61 давлати ҷаҳон сармояи хориҷӣ ворид намудаанд, ки бештари онҳо аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин – 2 млрд. 580,5 доллари ИМА, яъне 27,9%-ро ташкил медиҳад. Дар баробари ин дар соли 2018 воридоти сармояи хориҷӣ бештар ба шаҳри Душанбе – 42,1% (271,4 млн. доллар), вилояти Суғд – 39,6 % (255,5 млн. доллар), вилояти Хатлон – 12,5% (82,1 млн доллар), ВМКБ – 0,04% (0,3 млн. доллар) ва НТМ – 5,5% (35,2 млн. доллар) равона гардидааст.
Дар анҷом музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Н.Раҳимзода