Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Семинарҳои илмӣ дар факултети МИБ

Семинарҳои илмӣ дар факултети МИБ

Шурӯъ аз 19 июн дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ семинарҳои илмӣ доир мегарданд. Дар семинарҳо устодони факултет Ф.Расулзода дар мавзӯи “Тадқиқотҳои назариявӣ оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон”, Қ.Шодиев дар мавзӯи “Паҳлуҳои назариявии тадқиқот оид ба ҷалби сармояи беруна барои рушди иқтисодиёти миллӣ” ва Н.Мамадбекова дар мавзӯи “Таърихи мақомоти гумруки Тоҷикистон” баромад намуданд. 
Зимни баромадҳо мавзӯъҳои вобаста ба бахши сармоягузорӣ, захираҳои инвеститсионӣ, тадқиқотҳо оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ, роҳҳои рушди иқтисоди миллӣ, содироти сармоя, баҳсҳои илмӣ-назариявӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни муҳоҷирати байналмилалӣ, нақши мақомоти гумрук дар пешбурди иқтисоди миллӣ, самтҳои фаъолияти мақомоти гумрук, ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсати берунаи тиҷоратӣ ва тақсимоти байналмилалии меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
mIBS401.jpgДар рафти маърӯзаҳо гуфта шуд, ки мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ дар давлат натанҳо гирифтани фоида, балки самаранокии иҷтимоӣ аз дороии гузошташуда, идоракунӣ ва назорати захираҳои гузошташударо низ ба меоварад. Мустаҳкам гардидани сиёсати мегаиқтисодии ҷаҳон, тақсим гардидани бозори меҳнат ва истеҳсолоти кооперативӣ, фаъол гардидани монополияи байналмилалӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон, ҳамчун омили тақвиядиҳандаи муҳоҷирати байналмилалии сармоя ва рушди байналмилалии бозори сармоя мебошад. 
Дар самти фаъолияти мақомоти гумрук бошад, ҷорӣ намудани технологияҳои идоракунии муштарак ва назорат дар сарҳад дар асоси системаи ягонаи иттилоотии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти назоратӣ барои беҳтар намудани сифати муоинаи молҳо шароити муосир таъмин менамояд. Ин барои дар сатҳи баланди сифати расмиётҳои гумрукӣ тавассути истифодаи системаи идоракунии сифати ҳар як амалиёти гумрукии алоҳида таъмин кардан шароити мусоид фароҳам меорад. 
Дар анҷоми семинарҳо музокира ва саволу ҷавоб сурат мегирад.