Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Инкишофи дараҷаи таҳияи корҳои илмӣ

Инкишофи дараҷаи таҳияи корҳои илмӣ

Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ санаи 21 июни соли ҷорӣ семинари илмӣ дар мавзӯи “Усулҳои инкишоф ва навишти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ” баргузор гардид. Дар семинар Носир Туйғунов, мудири кафедра оид ба тарзи навишт, муҳтаво, ҷобаҷогузории мақолаҳои илмӣ ва ба талаботи давлатии таҳияи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷавобгӯ намудани онҳо баромад намуда, дар бораи нуктаҳо ва мушкилоти мақоланависии унвонҷӯён ва докторантон истода гузашт. Номбурда иброз дошт, ки имрӯз аксарияти мақолаҳое, ки ба маҷаллаи илмии ДДМИТ “Паёми молия ва иқтисод” пешниҳод мешаванд, ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда, аз муаллифон таҷриба ва донишҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба навиштани мақолаи илмиро талаб мекунад. Бинобар ин устодони кафедраи забонҳои хориҷӣ вазифадоранд, ки барои таҳия ва коркарди маводи илмии маҷалла, ки бо забони англисӣ тавсия мешаванд, мусоидат намоянд. 
Дар идомаи семинар роҳҳои асосии омода ва таҳияи мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА-и Тоҷикистон ва Россия ба унвонҷӯён ва устодон фаҳмонида шуд. 
Дар анҷом саволу ҷавоб сурат гирифт.