Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тренинги омӯзишӣ ҷамъбаст гардид

Тренинги омӯзишӣ ҷамъбаст гардид

Чӣ тавре пештар гузориш дода будем, шӯруъ аз 17 то 22 июни соли ҷорӣ дар ДДМИТ тренинги омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи «Ташкили муҳити инноватсионии донишгоҳ дар асоси ҷорӣ намудани раванди Болония», ки шомили Барномаи грантии озмунии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, баргузор гардад. Тренинг дар мавзӯи «Такмили барномаҳои таълимӣ дар заминаи татбиқи ҷараёни Болония дар ҷаҳорчӯбаи интихоби бизнес-ғояҳои инноватсионӣ» бо иштироки доираи васеи устодону мутахассисон санаи 22 июн ҷамъбаст гардид. 
Дар ҷамъбасти тренинг, ки дар он Веслав Пшибыла, намояндаи ректор оид ба таҳсилоти фосилавии Академияи гуманитарӣ-иқтисодии Лодзии Ҷумҳурии Лаҳистон ва Цыркина Екатерина, мутахассис оид ба робитаҳои байналмилалии Академияи гуманитарӣ-иқтисодии Лодзии Ҷумҳурии Лаҳистон ба иштирокчиён омӯзиш гузарониданд. Пас аз хотимаи трейнинг ба иштирокчиёни фаъол сертификат тақдим гардид. 
Инчунин гуфта шуд, ки минбаъд ДДМИТ баҳри мустақкам намудани ҳамкориҳои судманд бо Академияи гуманитарӣ-иқтисодии Лодзии Ҷумҳурии Лаҳистон тадбирҳои назаррасро ба роҳ мемонад.