Хабарҳо
Роҳҳои таъмини бехатарии иттилоотӣ
Санаи 22 июни соли ҷорӣ дар кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт семинари илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Автоматикунонии системаи иттилоотӣ ва роҳҳои таъмини бехатарии иттилоотӣ» баргузор гардид. Семинарро Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар шароити имрӯза таъмини бехатарии иттилоотӣ дар системаҳои иттилоотӣ яке аз проблемаҳои муҳими на фақат давлати мо, балки дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон низ ба ҳисоб меравад. Дар ҷомеаи муосир иттилоот дар ҳама гуна фаъолиятҳои инсонӣ таъсири хеле арзишманд дорад. Бинобар ин, ҳар як ширкат ва ё муассиса манфиати амнияти иттилоотии худро доро мебошад.
Дар идомаи семинар Алишер Ҳайдаров, корманди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Самтҳои бехатарӣ дар муҳити ҳукумати электронӣ” баромад намуд. А.Ҳайдаров дар баромади худ оид ба масъалаҳои ҳифзи иттилоот дар махзанҳои иттилоотии сохторҳои давлатӣ ва дигар усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар системаи ҳукумати электронӣ пешниҳодҳо намуд.
Инчунин дар кори семинар Парвиз Бобомуродов, устоди кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар мавзӯи “Роҳҳои таъмини бехатарии иттилоотӣ дар системаи иттилоотӣ” баромад намуд. П.Бобомуродов дар зимни маърӯза қайд намуд, ки мақсади асосии таъмини бехатарии иттилоотӣ ин ҳимояи система аз рухсати беиҷозат, тағйирдиҳӣ ва нест кардани иттилоот мебошад. Барои ҳалли ин масъала, дар шароити имрӯза бояд кадрҳои баландихтисос тайёр карда шуда, ба истеҳсолот равона карда шаванд.
Дар анҷом устодони факултет Ф.Раҳимов, И.Неъматов, А.Наҷмиддинов, У.Воҳидов, М.Аламшоева ва С.Темурбекова оид ба мавзӯи баррасишаванда ибрози ақида намуда, пешниҳодҳои мушаххаси худро ироа карданд.