Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамбастагии амалия бо назария тақивятбахши донишҳост

Ҳамбастагии амалия бо назария тақивятбахши донишҳост

Дар санаи 24 июни соли 2019 бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукӣ вохӯрӣ оид ба ҳамкории байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти тайёр ва омода намудани мутахассисони ояндаи соҳаи гумрук доир гардид. Дар он донишҷӯёни ихтисосҳои 1-960101 (хадамоти гумрук) ва 1-96010102 (таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрук) бо кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ш. Душанбе вохӯрӣ анҷом доданд, ки баҳри равона сохтани донишҷӯёни ихтисосҳои мазкур ба таҷрибаомӯзии таълимӣ бахшида шуда буд. 
Дар вохӯрӣ мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Муминов А.Б. ва устодони кафедра Мираков Қ.М. ва Шомуддинов О.Д. баромад намуда, бори дигар вазъи имрӯзаи ҳамкории ДДМИТ ва махсусан кафедраи фаъолияти гумрукро бо мақомоти гумрук баҳои баланд доданд ва хостори он шуданд, ки дар оянда ҳамкориҳо боз ҳам тақвият ёбанд. 
Ҳамчунин дар вохӯрӣ Зебо Абдуллоева, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ш. Душанбе ва Хуршеди А., муовини сардори Раёсат баромад карда, дар бораи фаъолияти ин мақомот ва вазифаҳои корманди мақомоти гумрукро фаҳмонида, масъулиятшиносӣ ва дақиқкориро асоси фаъолият донистанд. 
Бояд гуфт, ки дар амалия татбиқ намудани донишҳои назариявӣ барои мукаммалгардии толибилмон мусоидат менамояд.