Хабарҳо
Танзими давлатии бозори коғазҳои қиматнок
Дар кафедраи фаъолияти биржавӣ дар санаи 25 июни соли равон семинари илмӣ–методии устодон баргузор гардид. Дар семинар Ҷовид Боймуродов, ассистенти кафедра дар мавзӯи «Танзими давлатии бозори коғазҳои қиматнок» баромад намуд.
Номбурда зимни баромад қайд кард, ки бозори коғазҳои қиматнок қисми таркибии бозори молиявӣ мебошад, ки мақсади фаъолияти он дар ҷамънамоии захираҳои молиявӣ ва таъмини имкониятҳои азнавтақсимнамоии онҳо ба воситаи иштирокчиёни бозор бо гузаронидани амалиётҳои мухталиф бо коғазҳои қиматнок зоҳир мегардад. Коғазҳои қиматнок нақши иловагии манбаи маблағгузории иқтисодиро дар сатҳи макро ва микро таъмин менамоянд.
Бозори коғазҳои қиматнок ва коғазҳои қиматнок ба сифати нишондиҳандаи сатҳи иқтисодии давлат баромад карда метавонанд. Бинобар ин, бозори коғазҳои қиматнок омӯзиш ва таҳлили доимиро талаб менамояд.
Инчунин гуфта шуд, ки бозори коғазҳои қиматнок аз тарафи Вазорати молия ва бонки марказӣ танзим карда мешавад. Вазорати молия барориши коғазҳои қиматноки ширкатҳо, субъектони хоҷагидорӣ ва мақомотҳои далатиро ба қайд мегирад, ба биржаҳои фондӣ, фонду ташкилотҳои сармоягузорӣ иҷозатнома медиҳад, ҳисобдории амалиётҳо бо коғазҳои қиматнокро тартиб медиҳад, барориши коғазҳои қиматноки давлатиро амалӣ гардонида, муомилоти онро танзим менамояд.
Бонки марказӣ барориши коғазҳои қиматноки ташкилотҳои қарзиро ба қайд мегирад, амалиётҳо бо коғазҳои қиматнокро амалӣ гардонида, танзим менамояд.
Дар анҷом музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.