Хабарҳо
Натиҷагирӣ аз фаъолияти ДДМИТ
Рӯзи 29 июни соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шӯрои олимон доир гардид, ки дар он ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа маърӯзаи ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДДМИТ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018-2019 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2019-2020 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишгоҳ дар муддати нимсолаи дуюм буд.
Ректор дар бораи натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи донишгоҳ муфассал суханронӣ карда, барои соли таҳсили 2019-2020 вазифаҳоро муқаррар кард. Дар баромади мавсуф ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид.
Сараввал ректор аз дастовардҳои ин нимсола ёдовар шуда, афзуд, ки дар ин муддат аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ ба муваффақиятҳои беназиру бесобиқа ва дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки боиси ифтихори ҳар яки мост.
-Таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), баргузории даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Фиристода бояд, ки доно бувад…» дар таълимгоҳ ва бо шарафёб гардидан ба 1 ҷойи аввал, ду ҷойи 2 ва се ҷойи 3 ва ду ҷойи ифтихорӣ дар сегонаи беҳтарин ҷо гирифтани донишгоҳ, дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷойи чорумро ишғол кардан, идомаи татбиқи Лоиҳаҳаи Иттиҳоди Аврупо “Идоракунии молияи давлатӣ” ва Лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ “Рушди таҳсилоти касбӣ”, гирифтани иҷозатнома барои оғози сохтмони бинои чорёшнаи таълимӣ аз дастовардҳои беҳтаринанду бесобиқаанд - афзуд ректор.
Илова ба ин, роҷеъ ба афзудани шумораи устодони унвондор, (дар нимсолаи дуюм 10 нафар ҳимоя рисолаи номзадӣ кардааст), интихоби таълимгоҳи мо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, интихоби довталабон дар ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (46,100 нафар ДДМИТ-ро интихоб кардааст, интихоби якум – 3,600 нафар) баргузории мизҳои мудаввару конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, ҳамчунин ҷалби профессорони донишгоҳҳои бонуфуз барои хондани лексия ба толибилмони мо (6 нафар олими хориҷӣ) ва дар ин баробар, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо 9 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷа, амалишавии барномаи мубодилаи донишҷӯён (11 нафар донишҷӯ иштирок кардааст) аз фаъолияти муваффақ ва пешравиҳое буданд, ки дар гузориши ректори донишгоҳ дарҷ гардиданд.
Имрӯзҳо шумораи умумии донишҷӯён 7422 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, соли таҳсили 2018-2019 донишгоҳро 44 нафар бо дипломи аълочӣ хатм намуданд.
Дар баробари қаноатмандӣ аз пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ, ҳамзамон мавсуф ба нуктаҳое таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки онҳо метавонанд дар рушди таълимгоҳ монеа эҷод намоянд. Аз ҷумла, барои иҷро нагардидани нақшаи нашр, ғалатҳо дар таҳияи силабус ва барномаи таълимӣ, камбудиҳо дар фаъолияти кории бархе аз кураторон ва сифати пасти дарсҳои тарбиявӣ, вазъи дарсҳои кушод ва ташрифоварӣ ба дарсҳои ҳамдигар эрод гирифта шуд ва барои ислоҳи онҳо масъулини сохторҳо муваззаф гардиданд.
Дар ҷамъбасти масъалаи мазкур устодон Муқимов Қ., Ҳомидова Қ. дар музокира иштирок ва фаъолияти донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуда, дар ин баробар, фикру мулоҳизаҳои мушаххас пешниҳод карданд.
Баъдан ректори донишгоҳ Хайрзода Ш.Қ. як қатор устодону кормандонро барои дастовардҳои назаррас, фаъолияти пурсамар дар таълиму тарбияи ҷавонон, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ба муносибати ҷамъбасти бобарори соли таҳсили 2018-2019 бо Ифтихорнома қадрдонӣ кард, аз қабили Мадислом Раҳмонов, мудири кафедораи забони тоҷикӣ, Машҳура Абдуллоева, сармуҳаррири рӯзномаи донишгоҳӣ, Миҷгона Холинова, Нигора Солиева, устодони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ ва Куҳзод Шодиев, устоди кафедраи таҳлили иқтисодӣ.
Ҳамчунин барои сазовори ҷойи якум гардидан дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Маликаи чакан” зери унвони “Зиннати ҳусни ҷавонист чакан”, ки аз 15 то 17 июни соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар байни ҷавонон баргузор гардид, ба донишҷӯи курси 1, факултети молия ва қарз Парвина Шамсова бо Ифтихорнома ва як адад планшет тақдим карда шуд.
Дар охир, ҷиҳати беҳтар кардани корҳои таълимию методӣ ва илмиву тарбиявӣ барои соли таҳсили 2019-2020 иҷрои як қатор вазифаҳо муҳим арзёбӣ гардида, вобаста ба ин масъулини сохторҳо вазифадор карда шуданд.
Машҳура Абдуллоева