Хабарҳо
Нишасти матбуотӣ дар ДДМИТ
Рӯзи 19 июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар ҳузури рӯзноманигорон оид ба фаъолияти ДДМИТ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018-2019 ректори таълимгоҳ Шукрулло Хайрзода иттилоъ дод.
Ректор дар бораи дастовардҳои таълимгоҳ дар соли сипаригардида ибрози назар карда, афзуд, ки дар соли ҷорӣ донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи чаҳорумро соҳиб гашт, ки ин мақоми баланд аст. Ҳамчунин таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), бо шарафёб гардидан ба 1 ҷойи аввал, ду ҷойи 2 ва се ҷойи 3 ва ду ҷойи ифтихорӣ дар сегонаи беҳтарин ҷо гирифтани донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз дастовардҳои беназир хонд. Айни ҳол дар самти баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, пурра гузаштан ба шакли электронии идоракунӣ, тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳо идома доранд.
Вобаста ба ҷалби довталабон гуфта шуд, ки соли 2019 беш аз 46 ҳазор довталаб Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар вақти бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестӣ интихоб намуданд ва интихоби якум 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ навгониҳо зиёд буда, дар ин сол 14 нафар устоди донишгоҳ рисолаи номзадии хешро ҳимоя карда, сафи устодони унвондорро афзун карданд. Ректор дар мавриди аз рӯи Стратегияи рушди ДДМИТ дар солҳои наздик ба 50% расонидани ҳайати устодони унвони илмидорро таъкид карда, пешбурди корҳои илмиро муҳим донист.
Ба саволҳои рӯзноманигорон дар мавриди норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, чопи китобҳои дарсӣ, машғулиятҳои гурӯҳҳои англисӣ, дастгирии донишҷӯёни фаъол ректор посух дода, афзуд, ки 20 китоби дарсӣ аз қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ гузаштааст ва иҷозати чоп дорад. Ҳамчунин барои тақвияти дониши толибилмон аз шумори долнишҷӯёни курсҳои якум як гурӯҳи махсус ташкил дода шудааст, ки аз соли нави таҳсил машғулияти онҳо бо се забон сурат хоҳад гирифт. Ин иқдом барои мутахасси забон ва баландпоя тайёр намудан мусоидат менамояд.
Дар охир, ректор вобаста ба самтҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ, хоҷагидорӣ ва вазифаву нақшаҳои ояндаи фаъолияти донишгоҳ ба намояндагони васоити ахбори омма маълумоти муфассал дода, хабарнигоронро бо ободониҳои саҳни таълимгоҳ ошно сохт.
Машҳура Абдуллоева