Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ДДМИТ

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ДДМИТ

Ҳамасола 1 сентябр дар тамоми қаламрави кишвар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ гузаронида мешавад ва онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегузаронанд. Ин навбат Дарси сулҳ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Баъд аз ифтитоҳи бинои нави маъмурию таълимии Донишкада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳузури ҳайати омӯзгорон, кормандон, магистрантон донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуданд. 
Суханронии Пешвои миллатро тариқи оинаи нилгун дар ду толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон донишҷӯён, магистрантон ва устодону кормандон бо диққати том гӯш карда, нуктаҳои асосии онро барои худ қайд намуданд. Аз рӯи дастуру супоришҳои барои аҳли маориф ироагардида, дар оянда нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, мавриди иҷро қарор хоҳанд гирифт ва сатҳи таълиму тарбия боло хоҳад рафт.