Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили мутантани Рӯзи дониш дар ДДМИТ

Таҷлили мутантани Рӯзи дониш дар ДДМИТ

Ба ифтихори Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ташриф оварда, аз номи вазири молия ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави таҳсил шодбош гуфта, ба ҳамагон тандурустӣ ва сарбаландӣ таманно кард. Зимни суханронӣ Каримзода Ҷ.А. аз ҷумла қайд намуд, ки навсозӣ ва пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бидуни рушди илму маориф таъмин намудан аз имкон берун аст. 
Бинобар ин, ба устодон барои ҳарчи бештар соҳиб шудан ба дастовардҳо дар самти ворид гардидан ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, дар ин замина таҷдиди назар кардани мазмуну мундариҷаи таълим, тақвияти фаъолияти технопаркҳо, таъсиси корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ ва бад-ин васила пайвасти илм бо истеҳсолот, ба роҳ мондани такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандону омӯзгорон, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои нави таълиму тарбия бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионии муосир, мустаҳкам намудани пояи моддию техникӣ, таъмин кардан бо китобҳои дарсӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат муҳим арзёбӣ мегардад. 



 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар ин ҷода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз иқдомҳои созандаи шумо дастгирӣ карда, минбаъд низ барои рушди соҳаи маориф ҳамаи чораҳоро амалӣ менамояд ва баҳри фароҳам овардани шароити муосири таълим аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард, ҷамъбаст кард мавсуф. 
Дар охир, Каримзода Ҷ.А. аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз шароитҳои беҳтарини фароҳамомада ва аз устодони варзидаи ин таълимгоҳ истифода бурда, хубу аъло таҳсил намоянд ва мутахассиси касбии соҳаи молия ва иқтисод шаванд. 
Ҳамчунин, ректори таълимгоҳ Хайрзода Шукрулло устодону кормандон ва донишҷӯёнро бо соли нави таҳсил ва Рӯзи донишу Дарси сулҳ муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди болобурди сифати таълим ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот дар мадди назари аҳли коллективи меҳнатӣ қарор гирифта, вобаста ба нуктаҳои асосии суханронии Пешвои муаззами миллат нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, иҷроиши он қатъӣ талаб карда мешавад, гуфт ректор. Дар мавриди аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои алоҳидаи донишгоҳ мавсуф таъкид дошт, ки ҳуҷҷатҳо омода карда шуда, кор дар ин самт дар ҷараён аст. 
Хайрзода Ш.Қ. дар охир донишҷӯёни курсҳои аввалро ба таълимгоҳ хайра мақдам гуфта, онҳоро барои кашфи илму дониш ва мусаллаҳ гардидан бо забонҳои хориҷӣ ва дигар илмҳои замона ҳидоят карда, ташаббускорӣ, ҷасорат ва завқу рағбатро василаи асосии расидан ба ҳадафҳои созанда донист. 
Ректор аз аҳли коллективи меҳнатӣ иҷрои софдилона ва поквиҷдононаи вазифаҳои худро талаб карда, боло бардоштани сифати таълим ва омода кардани кадрҳои болаёқатро мақсади асосии роҳбарияти таълимгоҳ донист ва барои иҷрои рисолати омӯзгорон ба онҳо бурдборию ташаббусҳои навин хост. 
Ҳамин тавр, чорабинӣ дар рӯҳияи созандагӣ ба итмом расид ва он барои тақвияту ҷоннокшавии фаъолияти тамоми самтҳо дар таълимгоҳ замина хоҳад гузошт. 


Машҳура Абдуллоева