Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сухани табрикотии ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бахшида ба Рӯзи дониш

Сухани табрикотии ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бахшида ба Рӯзи дониш

Устодону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Сидқан якояки шуморо бо Рӯзи Дониш ва оғози соли нави таҳсил табрику муборакбод мегӯям! 
Мусаллам аст, ки баргузории Рӯзи дониш дар сатҳи умумимиллӣ бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сулҳ ва дониш гузаронида мешавад, далели ғамхориҳои пайваста ва ҳусни таваҷҷуҳи баланди Пешвои миллат ба илму маориф, донишу маърифат ва такя ба зиёиёну донишҷӯён мебошад, зеро воқеан ҳам, давлати ба илму дониш ғамхор, давлати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун хоҳад гардид. 
Бояд гуфт, ки соли таҳсили 2018-2019 барои аҳли коллективи меҳнатӣ ва толибилмони ДДМИТ соли бобарор, пурбаракат ва аз дастовардҳо ғанӣ буд. Дар ин сол Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) таъсис дода шуд, дастаи олимпии донишгоҳ дар даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо шарафёб гардидан ба 1 ҷойи аввал, ду ҷойи 2 ва се ҷойи 3 ва ду ҷойи ифтихорӣ дар сегонаи беҳтарин ҷо гирифтанд, донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷойи чорумро ишғол кард, инчунин шумораи устодони унвондор дар ин сол афзуд, ки ҳамаи ин аз дастовардҳои беҳтаринанду бесобиқаанд. 
Ин музаффариятҳо ба аҳли коллективи донишгоҳ имкон медиҳад, ки чун муассисаи таҳсилоти олии касбии муваффақ минбаъд дар роҳи инкишофи худ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонида шуда, дар баробари ин дастовардҳои он баландтар гардад. 
Ҳадафи асосии мо ба таҳсилоти ҷаҳонӣ наздик кардани барномаҳои таълимӣ, навсозии сифати таълим ва омода кардани кадрҳои босалоҳиятест, ки ҷавобгӯи талаботи бозори дохиливу хориҷӣ бошанд. 
Маҳз ҳамин асолати деринаи расидан ба қадри китоб ва илму фарҳанг, қадрдониву қадршиносии давлату ҳукумат, хусусан ғамхориҳои маорифпарваронаи Сарвари давлат ба масъалаҳои мактабу маориф мову шуморо водор месозад, ки дар шароити имрӯза ба баландбардории сифати таълим ва тайёрнамоии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ диққати ҷиддӣ дода, ба сатҳи баланди таълиму тарбияи шогирдон муваффақ шавем, то оянда низ чунин мутахассисони касбии соҳаҳои молияву иқтисоду номбардори миллатамонро ба воя расонида, рушди босуръату устувори илму дониш ва молияву иқтисодро дар кишвар таъмин созем. 
Раёсати донишгоҳ аз кормандону устодон умед дорад, ки рисолати таърихии хешро сидқан ба ҷо оварда, дар таълиму тарбияи насли бомаърифату хушахлоқ, бонангу номус, ватандӯсту хештаншинос ва мутахассисони баландкасби соҳаҳои молияву иқтисод саҳми муносиб мегузоранд. 
Итминони комил дорам, ки дастаҷамъона бо сайъу кӯшиши якҷоя мо дар рушди минбаъдаи таълимгоҳ ва афзун кардани дастовардҳои он ба пирӯзиҳои нав ба нав ноил хоҳем гашт. 
Бори дигар ҳамагонро ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрику таҳният гуфта, орзуи онро дорам, ки ҳар рӯзи ин кохи маърифат рӯзи дониш, рӯзи хираду заковат ва рӯзи фарҳангу маънавиёт бошад.