Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сафи номзадони илм дар ДДМИТ афзуд

Сафи номзадони илм дар ДДМИТ афзуд

Дар соли ҷорӣ ДДМИТ ба дастовардҳо ва навгониҳои зиёд ноил гашт. Яке аз ин пешравиҳо зиёд шудани теъдоди устодони унвони илмидор мебошад. 
Санаи 4-уми июли соли 2019 муовини сардори раёсати илм ва инноватсия Ёрибек Тилабов ҳимоя кард. Унвонҷӯ Ёрибек Тилабов дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-004 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ташаккулёбии захираҳои сармоягузорӣ дар шароити норасоии пасандозҳои дохилӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» бо муваффақият рисолаи номзадиашро дифоъ намуд. Ё.Тилабов таҳти роҳбарии Малика Саидмуродова, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент рисолаашро аз рӯйи ихтисоси 08.00.01 - Назарияи иқтисодӣ (назарияи умумии иқтисодӣ) ҳимоя намуд. 
Дар баробари ин, санаи 8-уми июли соли равон дар Шӯрои диссертатсонии 6D.КOA-004-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии муаллими калони кафедраи аудит ва ревизияи донишгоҳ Саидов Раҷабалӣ Назифович дар мавзӯи «Масъалаҳои назариявии баландбардории сатҳи зиндагии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ баргузор гардид. Номбурда таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Илҳомуддин Иброҳимов рисолаи хешро аз рӯи ихтисоси 08.00.01 – назарияи умумии иқтисодӣ бо комёбӣ ҳимоя намуд. 
Himoya401.jpgИнчунин санаи 27-уми августи соли равон дар Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия - Д0-47.019.02 барои дарёфти унвони доктор ва номзади илмҳои фалсафаи назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ рисолаи номзадии устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва муҳаррири шуъбаи табъу нашри донишгоҳ Тӯйчизода Насрулло дар мавзӯи «Телевидение как вид экранной культуры и его роль в трансформирующемся обществе (на примере таджикского телевидения)» бомуваффақият ҳимоя карда шуд. Н.Тӯйчизода хатмкардаи бахши рӯзонаи аспирантураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов (бо стипендияи президентӣ) буда, таҳти роҳбарии доктори илмҳои фалсафа Саъдулло Раҳимов рисолаашро аз рӯйи ихтисоси 09.00.13-фалсафаи антропология ва фалсафаи фарҳанг ҳимоя намуда, сафи устодони унвони илмидоштаро дар донишгоҳ зиёд карданд. 
Дифои рисолаҳои илмӣ боз як муваффақияти олимони ҷавони ДДМИТ дар фазои илмии кишвар мебошад, ки барои мустаҳкам кардани пояи илмии ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд. 
Бо ин дастоварди муҳимми илмӣ роҳбарият ва кормандони ДДМИТ Ёрибек Тилабов, Тӯйчизода Насрулло, Раҷабалӣ Саидовро таҳният намуда, дар корҳои минбаъдаи педагогию илмӣ ва илмӣ-тадқиқотии ин муҳаққиқони ҷавон муваффақиятҳо хоҳонанд.