Хабарҳо
Вохӯрӣ бо гулдухтарони курси аввал
Санаи 4-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори конфронсии ДДМИТ вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони курси аввали факултаи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои тартибу интизом, дастурамали либосҳои тавсиявӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва талаботи дохилидонишгоҳӣ баррасӣ шуд.
Дар ибтидо декани факулта Илҳом Неъматов ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, донишҷӯдухтаронро барои комёб шудан ба курсии донишҷӯйӣ табрик гуфт ва ба ҳамаи онҳо хониши аъло ва интизоми намунавиро орзу намуд. Сипас сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдуллоҳ Давлатзода ба толибилмони соли аввал оид ба талаботи дохилии муассиса маълумот дода, иброз дошт, ки ҳамаи шароит барои ба таҳсил фаро гирифтани онҳо дар муассиса фароҳам оварда шудааст. Бинобар ин, донишҷӯёнро шарт ва зарур аст, ки ҷаҳду талош намуда, барои гирифтани дониш ва мутахассиси соҳаи хеш шудан пайваста дар омӯзиш қарор дошта бошанд.
Баъд аз он раиси Шӯрои бонувон ва духтарони донишгоҳ Тахмина Умарализода ба духтарони соли аввал иҷрои талаботи пӯшидани либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ҳатмӣ донист. Мавсуф, инчунин, илова намуд, ки пӯшидани либосҳои миллӣ барои ҳар як духтари тоҷик бояд мояи ифтихор ва фахр бошад. Ҳар яки мо бояд барои тарғибу ташвиқи он саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар анҷоми ҷамъомад миёни иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои ҳалталаб пурсишу посух сурат гирифт.
Мубораки Назримадзода, муовини декан оид ба тарбияи факулта