Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шукргузорӣ аз истиқлолу сулҳу субот

Шукргузорӣ аз истиқлолу сулҳу субот

Миёни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсус касб намудаву сол то сол қимати таърихиаш рӯ ба афзоиш дорад. Бинобар ин, бахшида ба таҷлили ин санаи таърихии муқаддас санаи 6 сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Онро бо сухани табрикотӣ ректори таълимгоҳ Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ карда, аҳли толорро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуда, дар бораи моҳияти он чанд андеша иброз дошт. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки ба даст овардани истиқлолият барои миллати фарҳангсолори мо рӯйдоди нодири таърихӣ буда, имкон фароҳам овард, ки мо соҳиби давлати мустақилу ҳуқуқбунёд гардида, дар ҷаҳони муосир мавқеи шоиста пайдо намоем. Инчунин ҳифзи арзишҳои бунёдии миллатро таъмин намуда, ғояи ватандӯстиву меҳанпарастиро дар тафаккури ҳар як фарди ҷомеа афзун бахшем.
Имрӯз пояҳои муаззами истиқлолияту озодӣ, ки ибтидои давлату давлатдории навин ва рамзи олии Ватану ватандории мо мебошанд, устувор буда, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва мустаҳкам гардидани ғояҳои муосири давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши муҳим доранд.
Istiqlol400.jpgРектор дар бораи дастовардҳои даврони истиқлолият ибрози ақида намуда, сохтмони НБО Роғунро беназир хонд. 
- Дар даврони истиқлолият дар заминаи зина ба зина амалӣ шудани сиёсати энергетикӣ имконият фароҳам омад, ки сол то сол таъминоти мардум бо неруи барқ беҳтар гардид. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба кохи нур табдил ёфт ва бузургтарин иншооти энергетикӣ дар ҳамин давра бунёд гардид, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, паёмади шуҷоати фитрӣ ва шаҳодати истеъдоди камназири давлатдории Сарвари давлат аст, гуфт ректор. 
Ҳамзамон ректор таъкид дошт, ки вақте шахс ҳодисоти мамолики ҷангзадаро мебинад, ба қадри Ватан ва ба қадри Истиқлолияту озодӣ ва сулҳу субот бештар мерасад. Дар охири суханрониаш сарвари таълимгоҳ аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба қадри арзишҳои миллӣ ва Истиқлолияти миллӣ бирасанд ва ба дигарон моҳияти онро шарҳ бидиҳанд.
Istiqlol400.jpgСипас Иқбол Ҷобиров, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Истиқлолияти сиёсӣ кафили сулҳу субот» маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Ӯ қайд кард, ки имрӯз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад. Дар чунин марҳала тамоми кӯшишу талошҳои мо бояд ба он сафарбар карда шаванд, ки истиқлолият дар радифи дигар арзишҳои миллӣ ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбинӣ ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар як шаҳрванд мубаддал гардад.
Дар идома ба якчанд нафар устодону донишҷӯёни фаъол Ифтихорномаи сохторҳои алоҳида ва донишгоҳ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Ба Носиров Саъдулло, сардори шуъбаи табъу нашр ва Маъдиев Саъдихоҷа, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Ифтихорномаи Вазорати молияи ҶТ, ба Қодирова Бунафша, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Хоҷаев Даврон, сардори раёсати илм ва инноватсия Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, ба донишҷӯён - Бобомуродзода Ф., Назарова Т., Сангов С., Умедҷони Қурбоналӣ барои соҳиб шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ дар Озмуни илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни МТОК «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2019» Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон супорида шуд. 
Ҳамзамон ба якчанд нафар кормандону устодони пешсаф, аз қабили Қаландаров А., Юнусов А., Бегматов А.А., Одинаев Б. барои фаъолияти пурсамар Ифтихорномаи ДДМИТ тақдим гардид.
Дар охир барои болидарӯҳии ҳозирин дастагули консертӣ иборат аз рақсу суруд ва шеърхонию навозиши асбоби мусиқӣ аз тарафи ҳаваскорони ансамбли «Ҷавонӣ» пешниҳод гардид, ки басо гарму самимӣ қабул карда шуд.


Машҳура Абдуллоева