Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ ХУШБАХТИСТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ ХУШБАХТИСТ

Аз номи раёсати донишгоҳ ва шахсан аз номи худ ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамагон табрику таҳният намуда, дар ҷодаи фаъолияти пурсамар ба ҳар яки шумо  сарбаландиву комёбиҳоро орзумандам.
Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Имрӯз ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. 
Феълан бо дастгирию кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои истиқлолияти давлатӣ мустаҳкам гардида, барои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ заминагузор аст.
Хушбахтона, имрӯзҳо кишвари мо дар самти таҳкими истиқлолияти сиёсии худ гомҳои устувор мегузорад. Инкишофи ботадриҷ ва пешрафти зина ба зина мамлакатро аз банди хатару таҳдидҳои мавҷуда нисбат ба истиқлолияти сиёсӣ озод менамояд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаи моро зарур аст, ки дар рушду такмили истиқлолияти кишвари азизамон саҳмгузор бошад. Рисолати ҳар яки мо дарки масъулияти ватандорӣ, ҳамфикриву якдигарфаҳмӣ ва тақвияти иқдомоти созанда мебошад. Шинохти моҳияти истиқлол аз тарафи ҳар як сокини кишвар муҳим ба шумор меравад, зеро истифодаи амалии дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ аз дарки дурусти моҳияти он оғоз мешавад.
Дар тӯли 28 соли истиқлолият барқарории сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон буд, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик ба мо муяссар гардид. 
Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 28 - солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд. Вазифаи ҳар як фарди соҳибдил, меҳанпараст, бонангу ор аз он иборат аст, ки ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм азиз дораду ҳифз намояд. Роҳи пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ талош биварзад.


Поянда бод, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!


Ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ