Хабарҳо
Донишҷӯёни курси аввал аъзои Китобхонаи миллӣ шуданд
Бо мақсади тақвият бахшидани китобхонӣ ва рӯ овардан ба китобхона рӯзи 4 сентябр 20 нафар донишҷӯёни курси якуми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ аъзои Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардиданд.
Ин амали шоиста дар доираи таҷлили «Ҳафтаи китоб» ва Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзҳои 4-6-уми сентябри соли ҷорӣ гузаронида мешавад, сурат гирифт.
Устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз китобҳои нодир ва дастовардҳои илмии олимони ватанӣ ва хориҷӣ, ки рӯйи чоп омаданд, ошноӣ пайдо намуданд.