Хабарҳо
Иштироки ДДМИТ дар намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
Бахшида ба сазовор ҷашнгирии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Ҳафтаи китоб» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон тӯли се рӯз, аз 3-юм то 6-уми сентябри соли ҷорӣ, Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ва «Дарҳои боз» баргузор мегардад.
Дар рӯзи аввали ин чорабинии илмӣ устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, аз китобҳои нодир ва дастовардҳои илмии олимони ватанӣ, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар рӯйи чоп омадаанд, шинос шуданд. Инчунин, дар намоишгоҳи мазкур дастовардҳои илмии олимони бурунмарзӣ низ ба намоиш гузошта шуда буд, ки устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо мазмун, мундариҷа ва муҳтавои онҳо аз наздик шинос шуданд.
Бояд зикр кард, ки чунин чорабиниҳои илмӣ барои вусъат бахшидан, тақвияти ҷаҳонбинӣ ва илмомӯзии ҷавонон такони ҷиддӣ мебахшанд.