Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Беҳтар кардани сифати таълим ва таҳлили аввалин ҳисоботи худбаҳодиҳии ДДМИТ оид ба аккредитатсияи институтсионалӣ

Беҳтар кардани сифати таълим ва таҳлили аввалин ҳисоботи худбаҳодиҳии ДДМИТ оид ба аккредитатсияи институтсионалӣ

Таҳсилоти олӣ ҷузъи муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, дар рушди иқтисодиёт ва нигоҳ доштани вазъи иҷтимоию рақобатпазирии ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Нақши кафолати сифат дар дастгирии низоми таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои он бинобар кафолатдиҳии сатҳи баланди тахассусмандӣ ва таҷрибаи дар раванди омӯзиш ба дастовардаи донишҷӯён, рисолат, мақсад ва вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад. 
Таъмини сифати хизматрасониҳои таълимӣ бевосита ба сатҳи таълим дар донишгоҳҳо, аз ҷумла саводнокии мутахассисони ҷавон, тайёри ба раванди таълим ва такмили малакаю маҳоратҳои касбии онҳо таъсир мерасонад. 
Беҳтар кардани сифати таълим дар ДММТ тавассути таҳкими салоҳияти устодон, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ дар асоси талаботи ISO ва системаи Болония бо назардошти талаботи корфармоён ва бозори меҳнат имконпазир аст. 
12 сентябри соли равон дар Маркази соҳибкории “Созидание” семинари амалӣ дар мавзӯи "Баланд бардоштани сифати таълим” барои кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон бо ибтикори Қисмати 4 Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот1 оғоз ёфт. 
Дар кори он Иҷрокунандаи Роҳбари лоиҳа Сигитас Бразинскас ва коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот1 Искандар Давлатов маърӯза карданд. Дар семинар инчунин Муовини ректор оид ба таълим Нурализода Амрулло ва мутахассиси Раёсати таълимии ДДМИТ - Сулаймонзода Шӯҳрат иштирок ва баромад намуданд. 
Дар семинар масъалаҳои марбут ба арзёбии татбиқи Стандартҳо ва тавсияҳо барои кафолати сифати таҳсилоти олӣ дар фазои аврупоӣ (ESG) дар ДДМИТ, ҷамъбасти таҳлили худбаҳодиҳии ДДМИТ тибқи стандартҳо ва дастурҳои минбаъда оид ба такмил ва омодагии донишгоҳ ба санҷиши беруна мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 



 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg



Дар ҷараёни семинар иштирокчиёни он ба 3 гурӯҳи хурди корӣ тақсим шуда, масъалаҳои амалиро баррасӣ намуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд. 
Лозим ба ёдоварист, ки оғози фаъолияти лоиҳа дар соли 2015 дар доираи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот1, беҳтар шудани сифати таълим дар ДДМИТ аз ҳисоби татбиқи чорабиниҳои зерин ба назар мерасад: 
1. Худбаҳодиҳии ДММТ ва санҷиши пешрафти он мувофиқи Стандартҳо ва тавсияҳо барои кафолати сифати таҳсилоти олӣ дар фазои аврупоӣ (ESG). 
2. Иштироки беҳтари муаллимони донишгоҳ дар таҳқиқот ва нашри мақолаҳои илмӣ. 
3. Аттестатсияи омӯзгорон вобаста ба натиҷаҳои бадастомада (таълим ва таҳқиқот). 
4. Мустаҳкам кардани истифодаи усулҳои амалӣ дар таълим 
5. Арзёбии танзимии дастовардҳои донишҷӯён. 
Дар семинари гузаронидашуда натиҷаҳои зерин ба даст оварда шуданд: 
• Таҳкими қобилияти кормандони ДДМИТ дар гузарондани худбаҳодиҳӣ тибқи Стандартҳо ва тавсияҳо барои кафолати сифати таҳсилоти олӣ дар фазои аврупоӣ (ESG) ва стандартҳои байналмилалӣ. 
• Баррасии ҳисоботи фосилавии худбаҳодиҳии ДДМИТ ва беҳтар кардани он дар давоми ду ҳафтаи оянда аз 12 сентябр то 25 сентябр, вақти омадани аввалин гурӯҳи санҷиши беруна ба Душанбе. 
• Имконитияти татбиқи Стандартҳо ва тавсияҳо барои кафолати сифати таҳсилоти олӣ дар фазои аврупоӣ (ESG) аз ҷониби кормандони Раёсати таълим ва кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ . 
• Баррасии барномаи таълимии Идоракунии молияи давлатӣ барои аккредитатсия мувофиқи талаботи ESG. 
• Беҳтар намудани сифати таълим дар ДДМИТ тавассути ҷорӣ намудани стандартҳои ESG ва мусоидат ба баланд бардоштани рақобатпазирии он дар байни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
• Наздикшавии фаъолияти ДДМИТ ба талаботи меъёрҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ бо роҳи ҷорӣ намудани принсипҳои сифати таълими ESG бо дастгирии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот1. 
• Вусъатбахшии мавқеи ДДМИТ ҳамчун як муассисаи таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ.