Хабарҳо
Вохӯрии ректор бо донишҷӯёни курси аввал
Пас аз иваз шудани мавқеъ ва мақоми муассиса аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сафи довталабони курсиҳои донишҷӯӣ дар донишгоҳ ба маротиб меафзояд. Имсол низ сафи довталабони ба ДДМИТ дохилшуда нисбат ба солҳои гузашта афзунтар аст. Бинобар ин бо мақсади аз наздик шинос шудан аз вазъи таълим ва тарбияи донишҷӯёни соли аввал санаи 12-уми сентябри соли равон вохӯрии ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ донишҷӯёни соли якуми факултаҳои муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва иқтисод ва бизнес, садорати факултаҳо, раёсати корҳои тарбиявӣ ва устодон иштирок доштанд.
Дар аввали суханронӣ Шукрулло Хайрзода ҳамаи донишҷӯёни толорро, ки зиёда аз 400 нафар донишҷӯ ҳузур доштанд, сидқан аз номи раёсати донишгоҳ ва кулли устодон барои ноил шудан ба номи донишҷӯӣ ва дохил шудан ба ДДМИТ табрик гуфт. Сипас ректор риояи ҳамаи талаботи қонунгузорӣ ва дохилидонишгоҳиро, ки раванди таҳсили донишҷӯёнро фаро мегирад, зарурӣ ва ҳатмӣ шуморид.
- Ҳар як донишҷӯ вазифадор аст, ки талаботи ҷориро иҷро ва барои ба даст овардани илму дониш ва азхудкунии касбияти соҳа ҷидду ҷаҳд намояд. Бинобар ин. якояки шуморо мебояд, аввалан одобу ахлоқи ҳамида ва баъдан дониши қонеъкунандаро соҳиб бошед,- гуфт, ректор Ш.Хайрзода.
Дар идомаи суханронӣ таваҷҷуҳ ба фаъолнокии донишҷӯён дар раванди таълим ва азхудкунии фанҳо дода шуда, ба садорати факултаҳо супориш дода шуд, ки барои таъсиси «гурӯҳи махсус» озмун ташкил карда шуда, ҷавонони боистеъдод ба он ҷалб карда шавад (ҳоло чунин гурӯҳ танҳо дар факултети молия ва қарз фаъолият дорад).
Шукрулло Хайрзода, инчунин таваҷҷуҳ зоҳир кардани донишҷӯёнро барои аъзошавӣ ба китобхонаи илмии ДДМИТ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои такмил ва ташаккулдиҳии зеҳнӣ ва касбӣ зарур шуморид. Дар рафти вохӯрӣ ташаббусҳои донишҷӯёни фаъолро вобаста ба иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ-байналхалқӣ, чорабиниву ҷашнҳои илмӣ ва конфронсу семинарҳо ректор ёдовар шуда, ишора намуд, ки ҳар як ҷавони фаъоли ташаббускор аз ҷониби раёсати донишгоҳ ҳатман қадрдонӣ карда мешавад.
Ҳамчунин таъкиди ректор вобаста ба масъалаи вайрон кардани тартиботи дохилӣ ва даст задан ба муноқишаҳои байнидонишҷӯӣ ҷиддӣ буд. Ш.Хайрзода дар ин бора сахт таъкид дошт, ки ҳар донишҷӯе, ки ба ин амали номатлуб даст мезанад, дигар ҳуқуқи таҳсил дар донишгоҳро аз даст медиҳад. Бинобар ин, ректор донишҷӯёнро саъю кӯшиши комил, доништалабӣ, масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ даъват намуд.
Дар интиҳои вохӯрӣ таклифу пешниҳодоти донишҷӯён аз ҷониби ректор шунида шуда, барои робитаи зич барқарор кардан бо устодону деканони факултетҳо аз ҷониби роҳбарият тавсияҳо дода шуд.
Н.Раҳимзода