Хабарҳо
Шукрулло Хайрзода ба донишҷӯёни пирӯз мулоқот кард
Чунончи гузориш дода будем, вохӯрии ректори ДДМИТ бо донишҷӯёни курси якум баргузор гардид ва дар ин мулоқот масъалаҳои аввалиндараҷаи таълим ва тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор гирифт. Вохӯрии навбатии ректор Ш.Хайрзода санаи 13-уми сентябр бо донишҷӯёни соли аввали факултетҳои технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ рост омад.
Зимни мулоқот ректор ба донишҷӯёни пирӯз, ки имсол тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДМИТ дохил шуданд, аз пешравиҳо ва шароиту имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳ ёдовар шуд.
- ДДМИТ аз ҷиҳати рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки ҳамасола байни 39 макотиби олӣ баргузор мегардад, ҷойи чорумро соҳиб аст. Вале аз ҷиҳати омодакунии кадрҳои сирф иқтисод ва молия бошад, дар кишвар дар ҷойи аввал қарор дорад. Ҳоло ДДМИТ ягона муассисаи макони омодакунии кадрҳои баландихтисоси соҳаи иқтисод ва молия мебошад. – иброз дошт, ректор Ш.Хайрзода.
Инчунин дар идомаи мулоқот ба раёсати корҳои тарбиявӣ ва садорати факултаҳо аз ҷониби ректор дастур дода шуд, ки ҳарчи бештар донишҷӯёни фаъол ва соҳибистедодро ҷалб намуда, барои иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ омода кунанд.
Дар баробари ин ректор донишҷӯён талаб намуд, ки барои соҳиб шудан ба стипендияи Президентӣ бо дониши аъло ва интизоми намунавӣ талош варзанд.
Дар фарҷоми мулоқот таклифу пешниҳодоти донишҷӯёни факултаҳо аз ҷониби ректор шунида шуда, барои бароҳмонии низоми муосири таълим ва раванди дурусти тарбия дар муассиса тавсияҳо дода шуд.
Н.Раҳимзода