Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шиносоӣ бо донишҷӯдухтарон

Шиносоӣ бо донишҷӯдухтарон

Санаи 12-уми сентябри соли равон вохӯрии раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ бо донишҷӯёни курси якум, ки ҳамакнун таҳсилро дар донишгоҳ оғоз намудаанд, доир гардид. Дар вохӯрӣ ба донишҷӯдухтарони курси 1-уми донишгоҳ ба таври пурра муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар ибтидо Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ вобаста ба риояи ахлоқи ҳамида, эҳтиром гузоштан ба фарҳангу маънавиёти миллӣ, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузург ва устодон, истифодабарии самараноки вақт, риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баромад намуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ доир ба фаъолнокӣ ва иштироки донишҷӯдухтарон дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, истифодабарии самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи муассиса барои ба таҳсил фаро гирифтан ва робитаи зичро байни устодону кураторон ба роҳ мондан баёни андеша намуд.
Инчунин, дар анҷоми ҷамъомад ҳамшираи тиббии донишгоҳ Меҳрона Ҳакимова вобаста ба пешгирии бемориҳои мавсимӣ ва гузаранда-сироятӣ суханронӣ намуда, масъалаҳои нигоҳдошти солимии донишҷӯёнро дар муассиса аз вазифаҳои аввалиндараҷа номид.


Т.Умаралиева,
раиси шӯрои бонувон ва донишҷӯдухтарони ДДМИТ