Хабарҳо
Азизбек дар шоҳмотбозӣ пирӯз гашт
Донишҷӯи курси 3, ихтисоси иқтисоди ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ Азизбек Сайдуллоев барои ишғол намудани ҷойи дуюм дар даври ноҳиявиии мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти нахустин «Ҷоми Пешвои миллат» оид ба Шоҳмот миёни ҷавонони аз 15 то 30 сола байни писарон бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва туҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сарфароз гардид. Дар баробари ин, Азизбек барои иштирок дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба шоҳмот роҳхат гирифт.
Мавриди зикр аст, ки Азизбек аз хурдӣ ба намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили шоҳмот ва футбол завқи беандоза дорад. Дар баробари хониши хубу аъло ва сардори гурӯҳ будан дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва берун аз он иштироки фаъолона менамояд. Мо бо ин ғолибият А. Сайдуллоевро табрик намуда, барои дарёфти қуллаҳои нави эҷодӣ ва варзишӣ барояш комёбиҳо хоҳонем.
Насрулло Тӯйчизода