Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Соҳибистеъдодонро кашф кунед»

«Соҳибистеъдодонро кашф кунед»

Санаи 14-уми сентябри соли равон вохӯрии ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло бо донишҷӯёни курси аввали факултетҳои молия ва қарз ва ҳисобдорӣ ва омор баргузор гардид. Дар мулоқот бо донишҷӯён аввалан масъалаҳои аввалиндараҷаи таълим ва тарбия дар донишгоҳ ва баъдан роҳҳои баланд бардоштан ва ба талаботи низоми байналмилалии сифати таҳсил баробар намудани донишу малакаи толибилмон мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Дар рафти мулоқот ректор ба донишҷӯён, ки таҳсилро дар ихтисосҳои калидии соҳаи иқтисод ва молия оғоз карданд, бурдборӣ ва мутахассисони соҳибмалака шуданро таманно кард. Пас аз он ба масъалаи худомӯзии забонҳои хориҷӣ ва китобхонии донишҷӯён таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир карда шуд. 
- Ҳар як донишҷӯро мебояд имрӯз як забони хориҷиро аз худ кунад. Зеро дар шароити муосир мутахассиси забондон дар самти фаъолияти корӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дастболо ва пирӯз аст. Дар баробари ин бояд ҳар кадоми шумо аз рӯзҳои аввал аъзои китобхонаҳо шуда, барои омӯхтани соҳа ва илмҳои дигар ҷидду ҷаҳд кунед, – иброз дошт Хайрзода Ш. 
Инчунин дар идомаи мулоқот ба раёсати корҳои тарбиявӣ ва садорати факултаҳо аз ҷониби ректор дастур дода шуд, ки ҳарчи бештар донишҷӯёни забондон ва китобхон барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷалб намоянд. Хусусан иштироки фаъоли донишҷӯёни ДДМИТ-ро дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда истодааст, талаб намуд. Дар робита ба ин озмун донишҷӯёни фаъол бо ректор мулоқот намуданд. 
Дар фарҷоми вохӯрӣ таклифу пешниҳодоти донишҷӯёни факултаҳо аз ҷониби ректор шунида шуда, барои боз ҳам муосиртар намудани раванди таълиму тарбия дар донишгоҳ тавсияҳо дода шуд. 


Н.Раҳимзода