Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Курси омӯзишӣ оид ба ВНМО/СПИД

Курси омӯзишӣ оид ба ВНМО/СПИД

Мувофиқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, №0515 минбаъд дар ДДМИТ барномаи курси омӯзишӣ оид ба ВНМО/СПИД ва бемориҳои дигари сироятӣ дар раванди дарсҳои тарбиявӣ бо ҷалби донишҷӯёни курси якум гузаронида мешавад. Вобаста ба ин санаи 17-уми сентябри соли равон бо ташаббуси раёсати корҳои тарбиявӣ дар факултети иқтисод ва бизнес дарси тарбиявӣ оид ба бемории сироятии ВНМО/СПИД гузаронида шуд. 
Дар дарси тарбиявӣ Анварҷон Солиев, сармутахассиси бемориҳои сироятии Маркази саломатии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе ва Меҳрона Ҳокимова, ҳамшираи тиббии донишгоҳ оид ба ВНМО/СПИД, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо он баромад намуданд. 
Мутахассисони соҳа зимни баромад таъкид карданд, ки ВНМО/СПИД яке аз бемориҳои хатарноки қарни XX ба ҳисоб рафта, то имрӯз табобати гирифторони ин вируси марговар муайян нашудааст. Аввалин мавриди гирифторӣ ба ВНМО/СПИД дар Тоҷикистон соли 1992 сабт шудааст. Тоҷикистон дар миёни чанд кишвари камшумори ҷаҳон аст, ки ин вирус дар он дар муддати 10 соли ахир 25% афзудааст. 
Дар идома мутахассисон иброз доштанд, ки бояд имрӯз ҳар як донишҷӯ барои пешгирии ин бемории марговари аср бетараф набошад. Аз ин сабаб, ба донишҷӯён маслиҳатҳои муфид баҳри пешгирӣ ва мубтало нашудан ба ин беморӣ дода шуд. 
анҷом суолу ҷавоб вобаста ба мубориза бо ВНМО/СПИД байни мутахассисон ва донишҷӯён сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода