Хабарҳо
Заминаҳои пайдоиш ва рафъи амалҳои коррупсионӣ
Таҳти ин ном санаи 18-уми сенябри соли ҷорӣ бо ташаббуси факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар ДДМИТ мизи мудаввар бо иштироки мутахассисони соҳа, аъзоёни раёсат, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар аввал Амрулло Нурализода, муовини якум, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ вобаста ба муборизаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди амалҳои коррупсионӣ сухан ронд. Номбурда иброз дошт, ки ба маротиб афзудани амалҳои коррупсионӣ дар тамоми сохторҳо имрӯз на фақат аҳолии кишвар, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Рӯз то рӯз зиёд шудани сафи ҷинояткорӣ дар самти амалҳои коррупсионӣ боиси он мегарданд, ки ҷомеа дуруст ва мунтазам инкишоф ёфта наметавонад. Бинобар ин Ҳукумати кишвар тасмим гирифтанд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро таъсис диҳад, ки барои аз байн бурдани ин амалҳо дар ҷомеа то имрӯз нақши назаррас гузошт. Ин саҳмгузориро мо метавонем, пас аз қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии кишвар тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида кунем. Зеро пас аз таъсиси ин марказ амалҳои коррупсионӣ барои шомил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пурра аз байн рафт, – таъкид дошт, Нурализода А.
Пас аз он полковник Расули Барот, сардори раёсати таҳлили хавфҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таърихи пайдоиш ва заминаҳои мубориза бар зидди коррупсия дар ҷумҳурӣ маълумот дод. Р. Барот зимни суханронӣ ёдовар шуд, ки коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеа имрӯз ба як проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва решаканкунии амалҳои коррупсионӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, аз ҷумла Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва як қатор қонунҳои дахлдорро қабул намуд. – гуфт, полковник Расули Барот.
Дар идомаи мизи мудаввар Чеҳрон Элмуродов, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ дар мавзӯи «Механизмҳои мубориза бо коррупсия» баромад намуд. Мавсуф зимни баромади худ иброз дошт, ки имрӯз дар ҷомеаи кишвар се роҳи мубориза бо коррупсияро метавон амалӣ кард. Якум, муборизаи қонунӣ, яъне аз ҷиҳати қонунгузорӣ пурзӯр ва сангин кардани ҷазои шахсони содиркунандаи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, дуюм, муборизаи иҷтимоӣ, фароҳам овардани талаботи иҷтимоии ҷомеа бо роҳи баланд бардоштани музди меҳнат ва қонеъ кардани талаботи аввалияи мардум ва савум, бо роҳи муборизаи иқтисодӣ, ки ба ин ҷорӣ кардани ҳукумати электронӣ ва муосиргардонии шароити иқтисодӣ мисол шуда метавонад.
Инчунин дар рафти чорабинӣ Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ дар мавзӯи «Тарбияи ҷавонон дар самти мубориза бар зидди омилҳои номатлуб» баромад намуда, ба нуқтаҳои муҳими доғи рӯз байни ҷавонон диққати махсус дод. Мавсуф гуфт, ки имрӯз бинобар паст будани сатҳи маърифати аксар ҷавонон сабаби гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳу равияҳои номатлуб мегардад. Бинобар ин рӯз то рӯз сафи равияҳои тундрав аз теъдоди ҷавонони кундақл зиёд шуда истодааст, ки ин ҳам ба амнияти давлат ва ҳам ба ҷомеаи башарӣ таҳдид мекунад. Ӯ инчунин, вобаста ба фаъолнокии ҷавонони аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат», «Пешоҳанг» ва «Духтарони сарвар» дар тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат бесобиқа донист.
Дар охир Сайдалӣ Ҳаитов, сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ оид ба иҷроиш ва уҳдадориҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия сухан ронда, ҳамаи донишҷӯёнро даъват ба амал овард, ки дар мубориза бо ин амали номатлуб бетараф набошанд. Ӯ ёдовар шуд, ки маърифати баланди ҳуқуқии ҳар як шахс дар ҷомеа боиси аз байн рафтани ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ дар дилхоҳ самт мегардад.
Инчунин дар хотима музокира ва суолу ҷавоб вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия байни мутахассисон ва донишҷӯён сурат гирифт.
Н. Раҳимзода