Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бетараф набошед: «Бо ВНМО/СПИД мубориза баред»

Бетараф набошед: «Бо ВНМО/СПИД мубориза баред»

Чунончи гузориш дода будем, мувофиқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми сентябри соли равон дар ДДМИТ «Барнома аз фанни бемориҳои сироятӣ» бо ҷалби мутахассисон гузаронида мешавад. Дар ин дарсҳо ба донишҷӯён оид ба бемориҳои сироятӣ, вазъи эпидемиологӣ, роҳҳо ва омилҳои гузариш, ташхис ва чорабиниҳо оид ба пешгирии онҳо маълумот дода мешавад. 
Дарси навбатии тарбиявӣ санаи 19-уми сентябр бо иштироки васеи мутахассисон, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Зимни он Бунафша Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ дар бораи хавфи бемории ВНМО/СПИД, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст, ба донишҷӯён маълумот дод. 
Дар идома аз тарафи Робия Раҳмонова, мутахассиси бемории ВНМО/СПИД, Нигина Камолова, мутахассиси машваратии ҷавонони Маркази саломатии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе ва Меҳрона Ҳокимова, ҳамшираи тиббии ДДМИТ оид ба хатарҳо, оқибатҳои гирифторшавӣ ва пешгирӣ аз мубталошавӣ ба бемории ВНМО/СПИД машваратҳо дода шуд. 
Мутахассисони соҳа зимни баромад таъкид доштанд, ки ВНМО/СПИД яке аз бемориҳои хатарнок ба ҳисоб рафта, то имрӯз табобати гирифторони ин вируси марговар муайян нашудааст. Аввалин мавриди гирифтори ба ВНМО/СПИД дар Тоҷикистон соли 1992 сабт шудааст. Тоҷикистон дар миёни чанд кишвари камшумори ҷаҳон аст, ки ин вирус дар он дар муддати 10 соли ахир 25% афзудааст. 
Паҳншавии ВНМО/СПИД дар байни хатарҳои глобалӣ, ки дар охирҳои асри XX пайдо гашт, яке аз ҷойҳои аввалро ишғол намуда, бемории пайдошудаи норасоии масъунияти одам (БПНМО)-ро ба вуҷуд меорад. Мувофиқи иттилоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Барномаи махсуси СММ оид ба ВНМО/СПИД то соли 2010 зиёда аз 60 млн. нафар сироят ёфтаанд ва дар ин солҳо аз БПНМО 25 млн. нафар ба ҳалокат расиданд. 
Дар анҷом суолу ҷавоб вобаста ба мубориза бо ВНМО/СПИД байни мутахассисон ва донишҷӯён сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода