Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нахустҷаласаи Шӯрои бонувон

Нахустҷаласаи Шӯрои бонувон

Санаи 20-уми сентябри соли равон дар ДДМИТ ҷаласаи Шӯрои бонувон ва донишҷӯдухтарон дар соли нави таҳсил доир гардид. Зимни он масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти бонувони донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Сараввал Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ дар бобати фаъолияти Шӯро дар соли таҳсили 2018-2019 суханронӣ намуда, ба дастовардҳои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки сатҳу сифати касбияти кормандзанон ва устодон аз ҳисоби бонувон дар доираи тадбирҳои андешидаистодаи раёсати донишгоҳ, ки фарогири масъалаҳои фаъолноккунии занону духтарон мебошад, рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Аз тарафи дигар, шумораи бонувони дорандаи унвони илмӣ рӯз то рӯз бештар гардида, барои тақвияти иқтидори илмии таълимгоҳ заминагузор аст. Соли сипаришуда чанде аз бонувони фаъол аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва ниҳодҳои давлатӣ бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. 
Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси миллӣ, фарҳанги касбият, маърифати муошират ва боз ҳам боризтар гардидани чеҳраи бонувону донишҷӯдухтарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки бонувон ва донишҷӯдухтарон мебояд ба масъалаҳои фарҳангу этикаи либосҳои милливу муқарраргардидаи фаъолият дар муассисаҳои давлатӣ ва эҳтиромгузорӣ ба шахсияти худ ва ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд. 
Дар интиҳо, Шӯро аз рӯи масъалаҳои андешидани тадбирҳо бобати самарабахшии фаъолияти бонувону донишҷӯдухтарон, риояи дастури либосҳои тавсиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби бештари бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ ва сарпарастӣ дар гӯруҳҳои академӣ қарорҳои дахлдорро қабул намуда, амалишавии ҳамаҷонибаи онҳоро заруриву саривақтӣ шумурд. 


Таҳмина Умаралиева, раиси Шӯрои бонувону донишҷӯдухтарон