Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ дар хобгоҳ

Вохӯрӣ дар хобгоҳ

Рӯзи 23 сентябри соли равон бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар якҷоягӣ бо Раёсати тарбия тибқи нақшаи тасдиқгардидаи садорати факултет оид ба гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ аз ҷониби устодон ва омӯзгорон дар хобгоҳи донишҷӯён бо иштироки табиби оилавии минтақавии МСШ №1 Саидова С., духтури Маркази саломатии шаҳрии №5 (ЮНИСЕФ) Муборов Б., ҳамшираи бунгоҳи тибби №1-и донишгоҳ Тешаева Х.Р., намояндагони раёсати тарбия, устодон ва донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид. Дар он масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии бемориҳои ВНМБ/СПИД ва дигар бемориҳои сироятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Дар рафти вохӯрӣ Мубораки Н. вобаста ба мафҳум, моҳият ва оқибатҳои шомил гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро баромад намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат дар ҳамаи баромадҳояшон иброз менамоянд, ки террорист дин, миллат, давлат ва забон надорад. Онҳо ҳамчун хоинони давлат дониста шуда, дар саҳифаи таърих номашон бо хати сиёҳ навишта мешаванд, бинобар ин, ҷавонон худро аз ин гуна равияҳо дур бояд гиранд ва аз пайи такмилу рушди зеҳнию маърифатии хеш бошанд. 
Ҳамчунин, намояндаи Маркази саломатии шаҳрии №5 (ЮНИСЕФ) Муборов Бухвалӣ иброз дошт, ки тамоми бемориҳои сироятӣ аз беэҳтиётӣ ба вуҷуд меоянд. Имрӯзҳо дар китобҳо ва васоити ахбори омма вобаста ба мавзӯи зикргардида маълумотҳои бештар рӯи чоп оварда мешаванд, ки он барои маърифатнок ва ошно гардидани хонандагон нақши бориз дорад. Ҳамзамон, мавсуф оид ба риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар хобгоҳ баромад намуда, вобаста ба баъзе бемориҳои сироятӣ маълумоти бештар дод. 
Дар ин замина, дар мавзӯи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Шералии Сайдалӣ баромад карда, иброз дошт, ки ин масъала тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ҳастанд ҷавононе, ки аз камсаводӣ ва бемасъулиятӣ аз маводҳои нашъадор истифода мебаранд, ки ин фаношавии онҳост. Аз ин лиҳоз, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз ин гуна амалҳо худро дур созанд ва дар пайи донишомӯзӣ бошанд. Дар охир таъкид гардид, ки ҷавонон бояд аз гуфтаҳои боло хулосаҳои амиқ бароварда, дар интихоби роҳи ҳаёт пешпо нахӯранд ва мавқеи худро дар ҷомеа пайдо созанд. Гуфта шуд, ки садорати факултет бо мақсади тақвияти корҳои тарбиявӣ дар оянда низ ҳамкориро бо дигар сохторҳои дахлдор ба роҳ монда, гузаронидани вохӯриҳои сатҳи баландро ба нақша гирифтааст. 


Мубораки Назримад, эдвайзер оид ба тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт