Хабарҳо
Нақши корхонаҳои азими саноатӣ дар иқтисодиёт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш, ки 26-уми декабри соли 2018 баргузор шуда буд, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Вобаста ба роҳҳои ноил шудан ба ин ҳадафи ҳаётан муҳим санаи 24-уми сентябри соли равон бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисодӣ семинари навбатии «Муҳаққиқони ҷавон» баргузор гардид. Дар семинар муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ Мадина Ҷабборова дар мавзӯи «Нақши корхонаҳои азими саноатӣ дар расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръат» баромад намуд. Номбурда зимни маърӯза вобаста ба ҳадафҳои асосии дарпешгузоштаи кишвар сухан ронда, иброз дошт, ки шартҳои асосии рушди бомуваффақияти соҳаи саноат аз сиёсати устувор, сармояи аввалияи назаррас ва стратегияи ҳамгироӣ вобаста аст. Дар баробари ин, нақш ва неруи иқтидори истеҳсолии неругоҳҳои барқӣ-обии кишвар дар ин самт назаррас аст. НБО «Роғун» пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш, аз 6 чарха иборат аст, ки тавоноии истеҳсолии барқи ҳар кадоми он 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Пас аз пурра ба кор андохтани шаш чархаи неругоҳ бо иқтидори 3600 мегаватт (бештар аз 17 млрд киловатт/соат) калонтарин неругоҳи барқӣ-обии минтақа хоҳад буд.
Мавсуф, инчунин зимни баромад роҳҳо ва пешниҳодоти расидан ба саноатикунонии босуръати кишварро ёдовар шуд, ки ин барои гузаштан аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ заминагузор аст.
Дар анҷом музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Н. Раҳимзода