Хабарҳо
Маъниҳои калидӣ дар суханрониҳои Пешвои миллат
Санаи 25-уми сентябри соли равон дар ДДМИТ маҳфили «Фарҳангдӯст» дар мавзӯи «Маъниҳои калидӣ дар матни суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар маҳфил профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев вобаста ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ ибрози ақида намуд. Ғ.Мирзоев зимни баромадаш иброз дошт, ки Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш 40 самти соҳаи маориф ва илми кишварро ёдовар шуда, баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим ва омодакунии соҳибкасбони дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро масъалаҳои муҳими соҳа ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисобиданд. Чунончи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Яке аз ҳадафҳои муҳимме, ки дар назди устодону омӯзгорон қарор дорад, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Барои ин бояд раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот ва самарабахш гардонидани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ вусъат бахшида шавад».
Дар баробари ин баррасии омодакунии кадрҳои соҳаи иқтисод ва энергетика низ яке аз масъалаҳои муҳими суханронии Пешвои миллат арзёбӣ шуд. Дар ин росто муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «фаъолияти олимонро ба самтҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ки бидуни онҳо пешрафти иқтисодиёти миллӣ ғайриимкон аст, равона намудан талаби замон аст».
Дар анҷом музокира ва суолу ҷавоб вобаста ба нуктаҳои дигари суханронии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи дониш сурат гирифт.
Н.Раҳимзода