Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳкими салоҳият ва мубодилаи таҷрибаи Идоракунии молияи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо муаллимони ДДМИТ

Таҳкими салоҳият ва мубодилаи таҷрибаи Идоракунии молияи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо муаллимони ДДМИТ

26 сентябри соли равон дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ш. Бохтар семинари амалӣ дар мавзӯи " Таҳкими салоҳият ва мубодилаи таҷрибаи Идоракунии молияи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо муаллимони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон”, бо ибтикори Қисмати 4 Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 доир гардид. 
Семинарро бо сухани ифтиҳоҳӣ коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 Искандар Давлатов ҳусни оғоз бахшида, сипас мудири кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ Нуров Ш.С., омӯзгорони ҳамин кафедра Мирзоева Э.Ш. ва Ҳакимова М.С., ҳамчунин коршиноси байналмилалии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 Курляндская Г.В. баромад намуданд. 
Дар семинар мушкилот ва масъалаҳои марбут ба истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, самтҳои асосии сиёсати молиявӣ ва дурнамои идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақши буҷетҳои маҳаллӣ дар низоми буҷа: таҷрибаи байналмилалии Русия ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Лозим ба ёдоварист, ки оғози фаъолияти лоиҳа дар соли 2015 дар доираи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот1, беҳтар шудани сифати таълим дар ДДМИТ аз ҳисоби татбиқи чорабиниҳои зерин ба назар мерасад: 
1. Худбаҳодиҳии ДММТ ва санҷиши пешрафти он мувофиқи Стандартҳо ва тавсияҳо барои кафолати сифати таҳсилоти олӣ дар фазои аврупоӣ (ESG). 
2. Иштироки беҳтари муаллимони донишгоҳ дар таҳқиқот ва нашри мақолаҳои илмӣ. 
3. Аттестатсияи омӯзгорон вобаста ба натиҷаҳои бадастомада (таълим ва таҳқиқот). 
4. Мустаҳкам кардани истифодаи усулҳои амалӣ дар таълим 
5. Арзёбии танзимии дастовардҳои донишҷӯён. 
Дар семинари гузаронидашуда натиҷаҳои зерин ба даст оварда шуданд: 
- Таҷрибаи Идоракунии молияи давлатӣ ба муассисаҳои минтақавӣ дода мешавад; 
- Салоҳияти омӯзгорони ДДМИТ дар робита бо татбиқи амалии ИМД меафзояд; 
- Густариши обрӯю эътибори ДДМИТ ҳамчун муассисаи таълимӣ ва илмиву таҳқиқотии идоракунии молияи давлатӣ; 
- Афзоиши саҳми дастгирии Иттиҳоди Аврупоро дар бахши ИМД.