Хабарҳо
Семинар оид ба беҳтар кардани сифати таълим
Таҳсилоти олӣ ҷузъи муҳими рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ буда, дар рушди иқтисодиёт ва нигоҳ доштани вазъи иҷтимоию рақобатпазирии ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Нақши кафолати сифат дар дастгирии низоми таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои он бинобар кафолатдиҳии сатҳи баланди тахассусмандӣ ва таҷрибаи дар раванди омӯзиш ба дастовардаи донишҷӯён, рисолат, мақсад ва вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини сифати хизматрасониҳои таълимӣ бевосита ба сатҳи таълим дар донишгоҳҳо, аз ҷумла саводнокии мутахассисони ҷавон, тайёрӣ ба раванди таълим ва такмили малакаю маҳорати касбии онҳо таъсир мерасонад.
Беҳтар кардани сифати таълим дар ДДМИТ тавассути таҳкими салоҳияти устодон, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ дар асоси талаботи ISO ва системаи Болония бо назардошти талаботи корфармоён ва бозори меҳнат имконпазир аст.
Вобаста ба ин рӯзҳои 23-27-уми сентябри соли равон дар ДДМИТ семинари омӯзишӣ бо Оҷонсии Аврупоии ЕККА оид ба назорати сифати таълим ва аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гузашт. Дар семинар мутахассисон аз Ҷумҳурии Эстония Хелли Маттисен, Хеллар Баумен ва Теми, намояндагони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва устодон аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва ДДМИТ иштирок ва баромад намуданд. Мутахассисон оид ба стандарт ва талаботи гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ баромад намуданд.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён ба 4 гурӯҳи хурди корӣ тақсим шуда, масъалаҳои амалиро баррасӣ намуданд ва ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Ҳадаф аз гузаронидани семинар баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва омода намудани коршиносони маҳаллӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки семинар дар якҷоягӣ бо Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Оҷонсии Аврупоӣ оид ба назорати сифат EKKA гузаронида шуд. Лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 амалӣ карда мешавад.
Фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ фаъол буда, ҷиҳати дар амал татбиқ кардани лоиҳаи мазкур вобаста ба сифати таҳсилот кор бурда истода ва дар татбиқи ин лоиҳа пешсаф мебошад.
Сулаймонзода Шуҳрат