Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳлили ташаккули низоми логистикӣ дар кишвар

Таҳлили ташаккули низоми логистикӣ дар кишвар

Бо ташаббуси кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ санаи 26-уми сентябри соли равон бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мизи мудаввар дар мавзӯи «Ташаккули низоми логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалия» баргузор гардид. 
Сухани ифтитоҳиро сардори раёсати илм ва инноватсия Хоҷаев Д.Қ. оғоз намуда, қайд кард, ки зарурати ташаккул ва аҳамияти рушди соҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамгироии босуръати кишвар ба фазои иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ вобаста буда, дар натиҷа, ҷорӣ намудани моделҳои муосири логистикӣ дар технологияҳои соҳаҳои иқтисодӣ ва такмил додани хидматрасонии логистикӣ ба миён омадааст. Қисмати муҳимтарини низоми логистикӣ нақлиёт мебошад, ки дар қатори дигар бахшҳои инфрасохтории Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити асосии ҳаёти ҷамъиятро ҳамчун воситаи муҳими ноил шудан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар таъмин менамояд. Ҷойгиршавии ҷуғрофии кишвар ва хусусиятҳои он нақши афзалиятноки нақлиётро дар рушди афзалиятҳои рақобатии минтақа аз нуқтаи назари иқтидори нақлиётиашон муайян мекунад. 
Сипас д.и.и., профессори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хоҷаев П.Д. доир ба мавзӯи «Ташаккули низоми логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалия» баромад намуд. 
Miz_tii4001.jpgДар баромад қайд карда шуд, ки тағйирот дар инфрасохтори нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо тамоюлҳои асосии рушди геоиқтисодии минтақавӣ ба амал меоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарватҳои бузурги табиӣ, бозори кофӣ барои истеъмоли масолеҳи сохтмонӣ ва саноатӣ, инчунин иқтидори транзитӣ ҷолиб аст. Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ таъсиси марказҳои логистикӣ ва ҳамгироии логистика бо дигар соҳаҳои амалкунандаи хоҷагии халқи мамлакат масъалаи мубрам буда, чунин чорабинии илмӣ-амалӣ дар самти ташаккули низоми логистикӣ дар иқтисодиёти кишвар зарур дониста мешавад. 
Ҳолати кунунии инфрасохтори логистикӣ асосан бо назардошти доираи васеи омори соҳаи нақлиёт таҳлил карда мешавад, ки аз нишондиҳандаҳо ба монанди тарифҳо ва тафовут, стандартикунонӣ ва давомнокии интиқоли борҳо, ҳиссаи хизматрасониҳо дар ин қисмати бозор, нишондиҳандаҳои сифатии кор, зичии шабакаи нақлиёт ва борҳо иборат аст. 
Тоҷикистон, ҳамчун як кишвари дар иқтисоди ҷаҳонӣ иштироккунанда бояд барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ қарорҳои саривақтӣ қабул намояд. Рушди инфрасохтори нақлиётӣ баҳри такмили бахшҳои асосии иқтисодиёт ва таъмини истифодаи оқилонаи афзалиятҳои иқтидори истеҳсолӣ нақши муҳим мебозад ва барои он иҷрои чунин вазифаҳо пешниҳод карда шуд: 
1. Имкониятҳои транзити байналмилалӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон то ҳол самаранок истифода бурда намешаванд ва дар натиҷа, хароҷоти ҳамлу нақл ва логистикаи он яке аз баландтарин дар ҷаҳон боқӣ мемонад. 
2. Дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар марказҳои нақлиётӣ тавассути фаъолияти ҳамоҳангшудаи низоми логистикию нақлиётӣ; 
3. Масъалаҳои ташкили дуруст ва фаъолияти низоми логистикии идоракунии раванди тақсими маҳсулот, аз ҷумла харид, интиқол, нигаҳдорӣ ва фурӯши молҳо аҳамияти махсус доранд. 
Ҳамин тавр, дар охир ҳамаи пешниҳоду тавсияҳои илман асоснок барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ ба вазорат ва мақомоти дахлдор фиристонида шуд.

 
Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илм ва инноватсия