Хабарҳо
Рушди логистика ва низоми нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 28-уми сентябри соли равон дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт маҳфили «Зеҳн» дар мавзӯи «Рушди логистика ва низоми нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар аввал муовини сардори раёсати илм ва инноватсия Ёрибек Тилабов сухан ронда, таъкид дотш, ки дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ баргузор намудани марказҳои логистикӣ ва ҳамгироии логистика бо дигар соҳаҳои амалкунандаи хоҷагии халқи мамлакат масъалаи мубрам дониста мешавад.
Сипас дотсент, эксперти миллии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Ҳабибуллоев баромад намуда, қайд кард, ки аҳамияти рушди соҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зарурати ҳамгироии босуръати кишвар ба фазои иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ иборат аст. Дар натиҷа, ҷорӣ намудани амсилаҳои муосири логистикӣ дар технологияи соҳаҳои иқтисодӣ ва такмил додани хидматрасонии логистикӣ ба миён омадааст.
Таҳлил ва ҳолати кунунии низомҳои логистика самараи баланди онҳоро нишон медиҳанд, ба шарте ки провайдерҳои ҷаҳонии логистикӣ (GLP), ки ҳамчун шарики истеҳсолкунандагон ва низомҳои логистикӣ шинохта шаванд. Дар ин ҳолат, шарикии давлат ва бахши хусусӣ самаранок истифода карда мешавад. Ҳамоҳангии нақлиёт ва логистика, ташаккули маҷмӯаҳои нақлиёти боркаш ба гузариши фоидаи асосӣ аз интиқолдиҳанда ба хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ оварда мерасонад.
Дар баробари ин гуфта шуд, ки барои муносибсозии инфрасохтори марказҳои логистикӣ, онҳоро дар марказҳои боркунию борфарории нақлиётӣ бо назардошти ҷараёнҳои молу нақлиёт ҷойгир кардан зарур аст.
Масъалаҳои ташкил ва фаъолияти низоми логистикии идоракунии раванди тақсими маҳсулот, аз ҷумла харид, интиқол, нигаҳдорӣ ва фурӯши молҳо аҳамияти махсус доранд. Аҳамияти ин мушкилот чандин маротиба дар суханронӣ ва паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 ва 21 декабри соли 2017 инъикос ёфтааст. Имкониятҳои транзити байналмилалӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон то ҳол самаранок истифода бурда намешаванд. Бинобар ин, барои пешбурди он якчанд корҳоро ба сомон расондан лозим аст, гуфт, дар охир баромадкунанда ва пешниҳодҳои худро ироа намуд.
Дар охир, вобаста ба нақши логистика дар рушди иқтисод музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илм ва инноватсия