Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таъмини бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон

Таъмини бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи стратегиро барои амалӣ кардан дар пеши худ гузоштааст, ки яке аз онҳо ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба дастовардҳо, мушкилот ва ҳалли масъалагузорӣ дар ин самт санаи 30-юми сенятбри соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисодӣ семинар баргузор гардид. 
Дар оғоз Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм дар бораи таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунад, ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст. Бо ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд. 
Номбурда, инчунин илова кард, ки сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди технологияҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши навъҳои нави растанӣ, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва овардани техникаи кишоварзӣ самтҳое мебошанд, ки онҳоро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафта амалӣ кардан мумкин аст. 
Дарвоқеъ, дар бисёр ҳолатҳо таъмини бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ аз самаранокӣ ва устувории рушди хоҷагии қишлоқ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, соҳаи мазкур бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад. 
Дар идома профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ Рустам Қудратов дар мавзӯи “Таъмини бахатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилот ва масъалагузорӣ” баромад намуд. Мавсуф зимни баромад вобаста ба зарурати гузарондани низоми ягонаи бехатарии озуқаворӣ дар кишвар, самаранок истифодабарии заминҳои корам ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти соҳа бо техникаи кишоварзӣ ва мошинолотҳо, мушкилоти соҳаи чорводорӣ суханронӣ намуд. Ӯ таъкид дошт, ки татбиқи Стратегияи соҳаи кишоварзӣ барои давраи солҳои 2012 – 2020 натиҷаҳои мушаххас хоҳад дод, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ба воситаи ширкати фаъолонаи бахши хусусӣ, рушди рақобат ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, барқарор ва инкишофи системаи обёрӣ, беҳдошти таъминоти ғизои аҳолӣ, ҳифзи устувори захираҳои табиӣ ва ғайраҳо мебошад. 
Дар охир музокира ва суолу ҷавоб вобаста ба баланд бардоштани донишҳои иқтисодӣ ва рушди соҳаҳои он сурат гирифт. 


Раҳимзода Н.