Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Расмиёти гумрукӣ ва моҳияти асосии он

Расмиёти гумрукӣ ва моҳияти асосии он

Санаи 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар кафедраи фаъолияти гумрукии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маҳфили «Зеҳн» дар мавзӯи «Расмиёти гумрукӣ ва моҳияти асосии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар оғоз декани факултет Қутбиддин Муқимов баромад карда, қайд намуд, ки мавзӯи мазкур яке аз самтҳои асосӣ дар самти иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, масъалаи мазкур бояд ҳамеша таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад. 
Дар идома сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хадамоти гумрук А.Нозимов баромад вобаста ба самти расмиётчигӣ дар соҳаи гумрук ибрози ақида намуд. 
Номбурда илова дошт, ки баҳри тақвият бахшидани базаи кадрии мақомоти гумрук роҳбарияти ин ниҳод баъзе тадбирҳои саривақтиро андешида истодааст. Аз ҷумла, имрӯз раванди ба кор қабул намудани мутахассисони варзида ҷараён дорад, ки хоҳишмандони самти ихтисоси гумрук метавонанд ба хотири дохил шудан ба сафи кормандони ин ниҳод ҳуҷҷатҳои худро супоранд. Ҳадафи асосии ин ташаббус он аст, ки минбаъд самти фаъолияти гумрукиро аз ҷумла расмиёти дурусту саривақтии молу воситаҳои нақлиётро мутахассисони варзидаю кордон ба хотири дар сатҳи зарурӣ ҳимоя намудани бехатарии иқтисодӣ кишвар ба роҳ монанд. Инчунин ин омил барои аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи фаъолияти гумрук заминагузор мешавад. 
Дар охир саволу ҷавоб сурат гирифт. 


З.А. Ҳалимхонов, устоди кафедраи фаъолияти гумрукӣ