Хабарҳо
Баррасии масъалаҳои рушди баҳисобгирии муҳосибӣ
Санаи 28-уми сентябри соли равон маҳфили “Зеҳн” дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити гузариш аз шакли аграрӣ ба шакли индустриалӣ – аграрии хоҷагии қишлоқ” дар факултети ҳисобдорӣ ва омор баргузор гардид. Дар маҳфил аудитори хадамоти аудити дохилии ҶСК «Агроинвестбонк» Хушов Н.Ю. баромад намуд.
Номбурда зимни баромад иброз дошт, ки рушди баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити гузариш аз шакли аграрӣ ба шакли индустриалӣ – аграрии кишоварзӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб меравад. Дар шароити мураккабшавии муносибатҳои иқтисодӣ амалиётҳои баҳисобгирифташаванда зиёд мешавад, ки зарурати рушди баҳисобгирии муҳосибӣ пеш меояд. Алалхусус дар шароити гузариш аз шакли аграрӣ ба шакли индустриалӣ – аграрии кишоварзӣ муносибатҳо миёни хоҷагии қишлоқ ва соҳаи саноат афзоиш меёбад, ки барои ба низоми иттилоотӣ ворид намудани онҳо методи баҳисобгирии муҳосибӣ бояд қаноатмандкунанда бошад.
Дар идомаи баромад маърӯзачӣ илова намуд, ки мувофиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қариб аз се ду ҳиссаи корхонаҳои истеҳсолии фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои агросаноатӣ тааллуқ доранд. Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути тадбирҳои андешидашуда, аз ҷумла аз худ кардани заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, зиёд кардани майдони боғу токзорҳо ва ислоҳоти соҳа, бахусус ҳалли қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми кишвар ба маротиб беҳтар шуд.
Дар интиҳои суханронии худ маърӯзачӣ Хушов Н.Ю. гузариш аз шакли аграрӣ ба шакли индустриалӣ – аграрии хоҷагии қишлоқро зарурӣ ҳисобида, қайд намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2007 ба 20,3 фоиз афзоиш ёфтааст, теъдоди корхонаҳои саноатӣ ба 29,1 фоиз зиёд шуд. Маҳсулнокии меҳнат дар соҳа ба 26,7 фоиз афзоиш ёфт, ки пеш аз ҳама, аз ҳисоби ба кор даровардани корхонаҳои нави бо техника ва технологияҳои муосир муҷаҳҳазшуда ба даст омад. Тамоюли диверсификатсияи соҳа ба назар мерасад. Дар ҳафт соли охир дар кишвар зиёда аз 1600 коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, маводи сохтмонии саноатӣ ва коркарди маҳсулоти истеҳсоли кишоварзии ватанӣ ташкил карда шуд.
Дар интиҳо музокира сурат гирифт, ки дар он устодон ва донишҷӯён фаъол буданд ва масъалаи баррасишавандаро матраҳ карданд.
Раҷабалӣ Саидов