Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тараннуми мартабаи волои забони давлатӣ ва омӯзгор

Тараннуми мартабаи волои забони давлатӣ ва омӯзгор

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон санаи 4 октябри соли равон дар донишгоҳ чорабинии бошукуҳ барпо гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ ректори таълимгоҳ Шукрулло Хайрзода кушода, аҳли толорро бо ин ду ҷашни бузург муборакбод намуда, дар бораи бузургии забони давлатӣ андешаҳои хешро иброз дошт. Номбурда таъкид намуд, ки барои бузургдошти забон нақши шахсият хеле назаррас аст ва маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба мақоми давлатӣ шарафёб гардид. Пешвои миллати мо бо ин забон дар минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ баромад намуда, онро пуштибон ҳастанд. 
- Забони тоҷикӣ вобаста бо омилҳои муҳими дигар як нишони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва гузашта аз ин, истиқлолияти кишварро ҳифз менамояду пос медорад. Яъне, забони давлатӣ дар пойдории давлати миллӣ нақши барҷаста дорад. Аз ин рӯ, ҳар мамлакате, ки мехоҳад қудрату нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро тақвият бубахшаду пойдор созад, пеш аз ҳама, бояд мақому паҳнои истифодаи забони миллиашро густариш диҳад, - гуфт ректор. 
Сарвари таълимгоҳ, ҳамзамон аз толибилмон даъват ба амал овард, ки ба тозагии забон ва дурустии истифодаи мафҳуму ибораҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар охири баромади хеш ректор устодонро ба муносибати Иди касбиашон муборакбод намуда, аз заҳмати касби пуршарафи омӯзгорӣ ёдовар шуд ва ба муаллимон дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноки таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос ташаббускорӣ ва масъулияти баландро таманно намуд. 
Баъдан Наргис Аслонова, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикӣ дар мавзӯи «Посдори забони ноби тоҷикӣ бошем» баромад карда, дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», асолату зарфияти забони давлатӣ, таърихи ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ, хизматҳои арзанда ва муборизаҳои шадид барои нигаҳдошти забони тоҷикӣ аз тарафи устод Садриддин Айнӣ ва мақоми давлатии забон дар замони истиқлолият андешаҳои хешро иброз дошт. 
Мавсуф таассуроти хешро аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илму адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забон, ки нимаи аввали рӯз доир гардид, иброз дошта, аз вазифагузориҳои Пешвои миллат барои нигаҳдошти манзалати забони давлатӣ, ки ба забоншиносон ва мақомоти дахлдор иброз гардиданд, изҳори мамнуният карда, онро муҳим арзёбӣ намуд. 
Мавсуф бо овардани мисолҳои мушаххас аз абёти бузургони адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик фикрҳои худро дар бораи манзалати забони давлатӣ ва посдории он тақвият бахшид. 
Сипас бахшида ба ин ду ҷашни бузург ба чанде аз устодону кормандони фаъол - Насимҷон Маҷидов, Баҳрулло Давлатов ва Мавзуна Сафарова Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Ҳамчунин, ба якчанд омӯзгорон барои фаъолияти пурсамар Ифтихорномаи ДДМИТ тақдим гардид, аз ҷумла ба Даврон Хоҷаев, Шариф Гулов, Зарина Назарова, Шарофат Қайсова. 
Дар охир аз тарафи ансамбли «Ҷавонӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ иборат аз шеъру суруд ва рақсу саҳначаҳои ҳаҷвӣ ҳамчун нишони эҳтирому посдории забони давлатӣ ва омӯзгорон ба аҳли нишаст тақдим гардид, ки басо ҷолибу диданӣ буд. 


Машҳура Абдуллоева