Хабарҳо
Асолати забон ва омӯзгор
Санаи 3-уми октябри соли ҷорӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гашт, ки дар он гурӯҳи устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар аввал Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ оид ба мавқеъ ва нақши забони давлатӣ ва омӯзгорон дар тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии насли наврасу ҷавон суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки забони давлатии тоҷикон марҳилаҳои ҳассоси таърихиро паси сар карда, то ба имрӯз мавқеъ ва асолати худро сарбаландона иҷро кардааст. Омӯзгорон низ барои мустаҳкамнигоҳдории асолати забон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд, бинобар ин, посдории ин ду барои ҳар яки мо вазифаи муқаддас аст.
Устодон ва донишҷӯёни фаъол бо Ифтихорномаи садорати факултет қадрдонӣ гардиданд. Пас аз ин, аз ҷониби дастаи фарҳангии факултет шеърхонӣ, сурудхонӣ, саҳначаи тарбиявӣ ва рақс намоиш дода шуд.