Хабарҳо
Ҳифзи забон ва қадрдории омӯзгорон
Забони миллӣ бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун оина дар худ инъикос менамояд. Ин аст, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Нахуст декани факултет Қутбиддин Муқимов оид ба нақши забони давлатӣ ва омӯзгорон дар таълиму тарбияи донишҷӯён суханронӣ намуда, иброз дошт, ки посдории забони тоҷикӣ, ки ҳастии миллатро нишон медиҳад, вазифаи ҳар яки мост. Дар идома ба устодон ва донишҷӯёни фаъол Ифтихорномаи садорати факултет супорида шуд.
Пас аз ин, аз ҷониби донишҷӯёни факултет барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардид, ки аз бахшҳои шеъру сурудхонӣ, саҳначаи тарбиявӣ ва рақс иборат буд. Дар рафти чорабинӣ порае аз асари устод Айнӣ «Мактаби кӯҳна» аз ҷониби донишҷӯён ба саҳна гузошта шуд, ки хусусияти тарбиявӣ дошт.