Хабарҳо
Иштирок дар семинари байналмилалӣ
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Молия”-и ДДМИТ Хуршед Ҷумабоев бо даъвати Институти муштараки Вена дар семинар-тренинг оид ба “Сиёсати фискалӣ ва ҷабҳаҳои андозӣ дар рушди устувори иқтисодӣ” иштирок намуд. Семинари мазкур аз 16-ум то 27-уми сентябри соли равон дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор гардида, аз тарафи коршиносони ҷаҳон (коршиносони Хазинаи байналхалмилалии асъор) усулҳои нави таҳлили сиёсати фискалӣ омӯзонида шуд.
Дар семинар-тренинг коршиносони масоили иқтисодӣ аз давлатҳои хориҷӣ иштирок доштанд, аз он ҷумла аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Арманистон, Австрия, Руминия, Булғория, Албания ва Туркия.
Боиси қайд аст, ки донишу малакаҳои дар тренинги мазкур азхуднамудаи Х.Ҷумабоев метавонад дар таҳлили сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда, барои таҳияи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мавриди истифода қарор дода шавад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар анҷоми семинар Хуршед Ҷумабоев сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид.