Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷавондухтарон дар меҳвари таваҷҷуҳ

Ҷавондухтарон дар меҳвари таваҷҷуҳ

Санаи 8-уми октябри соли равон бо ибтикори Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар мавзӯи «Ҷавонон дар зуҳуроти номатлуб» доир гардид. 


Дар ҳамоиши мазкур Рухшона Юнусова, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Шарифхуҷа Саидхуҷа, судяи суди ноҳияи Сино, Гулчеҳра Раҳмон, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Сино, Гулпарӣ Латипова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино ва Бунафша Қодирова, муовини ректор оид ба тарбияи ДДМИТ ширкат ва суханронӣ намуданд. 


Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ оғоз гардид. Номбурда мақсаду ҳадафи ҳамоишро шарҳу тавзеҳ дода, баён дошт, ки дар шароити торафт густаришёбии раванди ҷаҳонишавии масъалаҳои марбут ба ҳаёти занону духтарон, аз ҷумла парокандашавии оилаҳои ҷавон, таъмини занон бо ҷои кори доимӣ, гирифторшавӣ ба бемориҳои гуногун, дурмонӣ аз раванди ба таҳсил фаро гирифтан ба проблемаҳои актуалии ҷомеа табдил ёфтааст. 


Ch_dht4001.jpgДар ҷараёни баргузории ҷамъомад масъалаҳои парокандашавии оилаҳои ҷавон, густариши бемориҳои сироятёбанда, андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҷалби бештари духтарон ба таҳсилоти олӣ, ташакулли маърифати ҳуқуқии сиёсии духтарон, тарғиби ғояҳои милливу фарҳангӣ ва худшиносӣ миёни занону духтарон мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифт. Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки имрӯз мавқеи занон ва духтарон дар мадди назари роҳбарияти давлат ва Ҳукумат қарор доранд. Айни ҳол занону модарон ва бонувони тоҷик дар тарбияи насли солими миллати тоҷик, ҳифзу нигаҳдории фарҳанг, забон ва урфу одат масъулияти баландро бар уҳда доранд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва дорои фарҳанг буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила аз ҳар ҷиҳат солиму зирак ташаккул ёбанд. Ҳоло занон дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар аз 50 дарсади аҳолиро ташкил дода, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. 


Дар интиҳои ҳамоиш музокираронии озод сурат гирифт ва иштирокчиён ба пурсишҳояшон посухҳои мушаххас гирифтанд. 


Таҳмина Умаралиева, раиси Шӯрои бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ