Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тарғиби илмомӯзӣ ва нақши арзишҳои миллӣ

Тарғиби илмомӯзӣ ва нақши арзишҳои миллӣ

Баҳри баланд бардоштани маърифат ва илмомӯзии донишҷӯён чанде пеш ду дарси кушод миёни донишҷуёни курсҳои якуми факултети иқтисод ва бизнес бо иштироки дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Муллоҷонов дар мавзӯи «Талош барои талаби илм» ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода дар мавзӯи «Нақши арзишҳои миллӣ дар ташаккули муносибатҳои иқтисодию молиявӣ» баргузор гардид. 
Асадулло Муллоҷонов зимни баромад ба масъалаи илмомӯзӣ ва талошкор будан дар омӯзиши касб ибрози андеша намуд. Номбурда ба донишҷӯён таъкид дошт, ки имрӯз барои ҳар як толибилми муассисаҳои олии кишвар шароит ва имконият барои ба таҳсил фаро гирифтан муҳайёст, танҳо аз талошкории пайваста талаб карда мешавад. Бинобар ин, соҳибмаълумот шудан ва азхудкунии малакаҳои касбӣ барои донишҷӯён муҳим аст. 
Инчунин номбурда омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва боло бардоштани тафаккури илмии ҳар як донишҷӯро дар шароити муосир ва мутобиқкунии донишҳояшонро бо раванди ҷаҳонишавӣ зарур арзёбӣ кард. 
Абдулло Давлатзода зимни баромад қайд намуд, ки инсоният ҳанӯз 40 ҳазор сол пеш аввалин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ба мисли оила, қавм, авлод ва қабиларо ба вуҷуд овард ва бо ҳамин ба пайдоиши ҷомеаи бошууронаи инсонӣ, ки дорои хусусият ва қонуниятҳои хоси инкишоф мебошад, асос гузошт. 
А.Давлатзода оид ба мафҳумҳои арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ягонагии миллӣ, идеяи миллӣ, худшиносии миллӣ, идеологияи ягонаи миллӣ, тафаккури миллӣ, хотираи таърихӣ, арзишҳои миллӣ, ифтихори миллӣ ва амнияти миллӣ, бо далелҳои мушаххас ба донишҷӯён гуфта гузашт. 
Дар ҷамъбаст музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт. 


Ҷовидон Халифазода, эдвайзер оид тарбияи факултети иқтисод ва бизнес