Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тарбия дар мадди аввал

Тарбия дар мадди аввал

Масъалаҳои беҳтар намудани таълиму тарбияи донишҷӯён, дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба воя расонидани онҳо ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва татбиқи он дар ояндасозиву пешрафту шукуфоии Ватан ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар ДДМИТ пайваста барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва таълиму тадриси муосир чорабиниҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мегардад. Айнан чунин чорабинӣ санаи 10-уми октябри соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омор бо иштироки мудирони кафедра, устодон ва донишҷӯёни фаъол баргузор гардид. 
Дар аввал Баҳодур Ҷурахонзода, декани факултет оид ба вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён ибрози андеша намуда, афзуд, ки чӣ гуна таълиму тарбия намудани насли наврас ба ояндаи ҷомеаи мо вобастагӣ дорад. Зеро, ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар, фардо дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриамон саҳм мегузоранд. Б.Ҷурахонзода дар идома илова намуд, ки ҷавононро саводноку донишманд ба воя расонидан, онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву эҳтиром ба дастовардҳои замони истиқлолият тарбия кардан вазифаи ҳар як аз устодони донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ дар ҷомеа ҳар як афрод барои тарбияи дурусти насли наврас масъулиятдор буда, дар самти пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби донишҷӯён ташаббус бояд нишон диҳад, - афзуд ӯ. 
Дар идомаи суханронии худ, мавсуф, аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат нисбати ҷавонон ёдовар шуда, иброз намуд, ки имрӯз барои ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни донишгоҳ ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. 
Баъдан Саидхуҷа Маъдиев, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва Савсан Султонова, муаллимаи кафедра ибрози андеша намуданд. 
Дар баромади худ С.Маъдиев ёдовар шуд, ки ҳоло аҳли ҷомеа донишҷӯёнро чун шахси бомаърифату бофарҳанг ва соҳибмаълумоту зиёӣ медонанд, ки бо рафтору муносибат, дарку фаҳмиши баланд ва фарди худогоҳу худшинос будани онҳо аз дигар табақаҳои ҷомеа тафовут доранд. Аммо, бисёр дардноку нанговар аст, ки имрӯз донишҷӯёнеро вохӯрдан мумкин аст, ки бо амалу кирдорҳои ношоистаашон ба ин номи пуршараф иснод меоранд. Алалхусус пайдошавии муноқишаҳо ва қонунвайронкуниҳо байни донишҷӯён ҷомеаро нигарон кардааст. Бинобар ин, барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба ин амалҳои номатлуб аз тарафи донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатноккунии онҳо барои дарки зуҳуроти замона зарур ва саривақтист. Инчунин дар идомаи музокира С.Султонова андешаронӣ намуд, ки барои боло бурдани сатҳи таълим ва тарбияи дурусти донишҷӯён бояд усулҳои нави фаҳмондадиҳӣ барои дарки бештари ҳодисаву воқеоти замони муосир истифода бурда шавад. Дар баробари ин ҳар як устодони таълимдиҳанда худ бояд дорои маданияти баланди маънавиву фарҳангӣ бошад. 
Дар ҷамъбаст, баҳри баландбардории савияи донишҳои касбӣ донишҷӯён ба суолҳои худ ҷавобҳо гирифтанд. 


Усмон Усмонов, эдвайзер оид ба тарбияи факултет