Хабарҳо
Баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавондухтарон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар сиёсати худ мавқеи занон ва ҷавондухтаронро дар мадди аввал қарор додаанд. Дар Паёми охири худ Пешвои миллат занонро неруи созандаи ҷомеа дониста, эътимоду боварии худро нисбат ба онҳо баён доштанд. Пешвои миллат азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун неруи бузурги ҷомеа арзёбӣ карда, дастур доданд, ки онҳо бештар ба корҳои таълимӣ ва бонкдориву ҳунармандӣ ҷалб карда шаванд. Вобаста ба ин дар ДДМИТ, ки махзани омодакунии кадрҳои баландихтисоси соҳаи иқтисод ва молия мебошад, вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он Маҳинбону Шарипова, сармутахассиси раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо духтарони хобгоҳи №2-и донишгоҳ вохӯрд.
М. Шарипова зимни суханронӣ иброз дошт, ки имрӯз занон ва ҷавондухтарони ҷумҳурӣ дар мадди назари роҳбарияти кишвар қарор доранд. Ин аст, ки санаи 9-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори Роҳбар» — Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Озода Раҳмон дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа» Форуми ҷумҳуриявии занон баргузор гардид. Баргузории Форуми мазкур далолат ба он аст, ки имрӯз ҷойгоҳи занону ҷавондухтарон дар корҳои идориву роҳбарикунанда хос аст. Зеро занон ва духтарони тоҷик ҳоло бо истифода аз шароити созгори фароҳамовардаи давлат дар ҷомеаи навини тоҷик соҳибмақом гардида, бо масъулияти зиёд арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар ҷамъият тарғиб менамоянд, – иброз дошт Шарипова М.
Мавсуф, ҳамчунин илова намуд, ки дар баробари ҳамаи ин дастгириҳо ва имконоти фароҳамовардашуда ҳар як донишҷӯдухтарро мебояд бо истифода аз малакаи касбии хеш дар пешрафти давлат саҳми худро гузорад.
Ҳамчунин барои бавуҷудории фазои мусоиди корӣ барои ҷавондухтарон ва истифодаи самараноки имконоту шароити мавҷуда маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Н.Раҳимзода